Автобус бо 40 мусофир сарозер шуд

Дар ноҳияи Бешарики вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон автобуси ҳомили 40 мусофир дар ҷӯйи канори роҳ сарозер шуд. Хабар дода мешавад, автобус занону кӯдаконро барои ҷамъоварии мева мебурд.

Дар натиҷаи ин садама 7 одам бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳодисаи мазкур 30 август рух додааст.

«Дар натиҷаи садама мусофирон ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд», — гуфт яке аз табибони бемористоне, ки мусофирон онҷо бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, мусофирон ба ҷамъоварии ҳосили шафтолу мерафтанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *