Автобусҳои №4 ба ҷойи микроавтобусҳои №67
Дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда мешавад.
Мувофиқи махлумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе шурӯъ аз 10 апрели соли равон дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда мешавад. Ба ҷои онҳо шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
Иҷдоми мазкур бо мақсади паст кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон гирифта шудааст.
Автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии онҳо аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ