Автобусҳои нав пагоҳ ройгон хизмат мекунанд
Бино ба итилои Шаҳрдории Душанбе мусофиркашҳои нав, ки шаби гузашта вориди пойтахт шуд, аз 15 апрел ба хизматрасонӣ шурӯъ мекунанд.
Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 11 апрел дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар рӯзи аввали фаъолият, ки ба Рӯзи пойтахт рост меояд, истифода аз онҳо ройгон хоҳад буд.
Ӯ афзуд, ин мусофиркашҳо аз кӯчаҳои марказӣ ба ҳаракат оғоз намуда, бо дастури шаҳрдорӣ баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд: «Дар ҳар автобус се таҷҳизоти электронӣ насб мегардад”.
Ҷаноби Саидзода гуфт, мусофирон вобаста ба масофаи ҳаракат ҳаққи роҳкиро пардохт хоҳанд кард, ки як навъ сабукӣ барои шаҳрвандон мебошад.
Шаҳрдории Душанбе 40 адад мусофиркаши тамғаи “ISUZU”-ро аз Туркия харидорӣ кард ва ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли равон корвони дуюми мусофиркашҳо низ ба пойтахти кишвар хоҳад расид.
Қурбон Саидзода изҳор дошт, бо мавриди истифода қарор гирифтани мусофиркашҳои нав, автобусҳои ба талабот ҷавобгунабуда комилан аз хатсайрҳо бардошта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ