Автобусҳои русӣ дар Хуҷанд

Ба шаҳри Хуҷанд ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  хабар додаанд, ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардид.

Таъкид шуд, ки бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешаванд. Дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидории нақлиёти мусофиркашон ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат хоҳад кард.

Автобусҳои воридшуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар кадоми он дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил расонад.

Тибқи иттилои масъулин, автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *