Автобуси «Asian Express”-ро дар Ӯзбекистон ҳабс карданд
Як ронандаи автобуси хатсайри Хуҷанд – Тошкандро 11 рӯз пеш дар гузаргоҳи Ойбеки марзи Ӯзбекистон бо иттиҳоми қочоқи сигор дастгир кардаанд. Мусофирон мегӯянд, ки ҳамаи онҳоро аз автобус фароварда, ронандаро ҳамроҳ бо автобусаш ҳабс карданд. Ин ронанда инак 11 рӯз боз дар шаҳри Бекобод дар ҳабс қарор дорад. Мусофирони автобус маҷбур шудаанд, бо таксиву дигар нақлиёти роҳии Тошканд ба сафари худ идома диҳанд.
Мусофирони як автобуси ширкати «Asian Express”, ки рӯзи 6 декабр аз Хуҷанд ба Тошканд ҳаракат мекард, ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки дар гузаргоҳи Ойбек дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон, ронандаро ҳамроҳ бо автобусаш ҳабс карда, тамоми мусофиронро аз он фаровардаанд.
Мусофирон мегӯянд, ки онҳо ба маблағи 50 сомонӣ аз Хуҷанд то Тошканд чипта гирифта буданд, вале ҳамаи онҳоро аз автобус пиёда карда, амр додаанд, ки бо ягон нақлиёти дигар ба сафари худ идома диҳанд. Яке аз ин мусофирон ба сомонаи «Ахбор” гуфт, баъди бозгашт ба ширкати «Asian Express” муроҷиат кардааст ва ба ӯ нисфи пули чипта, яъне 25 сомониро баргардонда додаанд.
Ба гуфтаи мусофирон, ронандаи автобус бо иттиҳоми қочоқи сигор дастгир шудааст ва ҳоло ҳамроҳ бо автобусаш дар шаҳри Бекобод дар боздошт қарор дорад.
Ширкати «Asian Express” тобистони соли ҷорӣ сафарҳо бо автобус аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба чанд шаҳри Ӯзбекистон, аз ҷумла ба Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Деҳнаву Тирмизро оғоз кард. Таксиҳои ин ширкат низ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофир мекашонанд.
Ширкатҳои нақлиётии Ӯзбекистон низ аз ҷониби худ ҳаракати автобусҳо ба шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистонро ба роҳ андохтаанд.
Равуои мардум байни ду кишвар моҳи марти соли 2018, баъди ифтитоҳи дубораи 10 гузаргоҳ дар марзи Тоҷистону Ӯзбекистон ва ироаи ҳаққи сафари бидуни раводид (виза) авҷ гирифт.
Бино ба омори расмӣ, аз аввали соли ҷорӣ беш аз як миллион аз сокинони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид карда, беш аз як миллион аз шаҳрвандони Ӯзбекистон имсол ба Тоҷикистон омадаанд.
Равуои мардум байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз авоили солҳои 2000-ум ба далели аз ҷониби Тошканд ворид кардани низоми раводид, бастани гузаргоҳҳои марзӣ ва хатто минакорӣ кардани марзаш бо Тоҷикистон хеле мушкилу печида шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ