Автоголи «Барқчӣ» ғалабаи «Регар-ТадАЗ» шуд
3 август дастаҳои лигаи олии кишвар ба бозиҳои давраи сеюми чемпионати 26-уми Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Дар ин рӯз даври 15-ум оғоз ёфта , аввал ба майдон дастаҳои «Истиқлол»- и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баромаданд. Душанбегиҳо бо яг голи задаи легионери рус Дмитрий Барков пирӯзии навбатиро ба даст оварданд.
Дар бозии дуюм, ки дар шаҳри Турсунзода «Регар-ТадАЗ» «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби камтарини 1:0 шикаст дод. Тӯби ягонаро ба дарвозаи ҳисориҳо ниммуҳофизатгари соҳибони майдон Саидмухтор Азимов равона сохта, автогол кард.
Ду бозии дигари даври 15-ум бегоҳии 5 август баргузор мешаванд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор бо КМВА «Помир»-и Душанбе вомехӯранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ