Автосантал таҷҳизоти навтарин дорад?

Алидод Расулзода, роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  гуфтааст, ки баъд аз  интиқоди президент дар мавриди садамаҳои зиёди маргбор  тасмим гирифт, ки фаъолияти кулли мактабҳои ронандагиро аз санҷиш гузаронад. Дар Тоҷикистон 375 мактаби ронандагӣ фаъолият мекунад, ки бештарашон хусусианд. Соли гузашта дар пайи санҷиш ҳудуди 80 мактаби ронандагӣ, ки ба гуфтаи мақомот, ба стандартҳои таълим ҷавобгӯ набуданд, аз муҷаввизи фаъолият маҳрум шуданд. Аммо он замон баъзе мактабҳо ин тасмимро аломати рақобати носолим ва арҷгузорӣ ба ширкати “Автосантал” унвон карданд, ки ба ширкати “Фароз” марбут аст. Ҳоло чанд мактаби хусусӣ, ки боқӣ мондааст, танҳо аз ҳаққи таълими назариявӣ бархурдоранд. Дарсу имтиҳони ронандагиро танҳо “Автосантал” мегузаронад.Мақомот арҷгузорӣ ё имтиёз додан ба “Автосантал”-ро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин ширкат мактабҳояшро бо таҷҳизоти навини соҳа таъмин кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *