Аввал бой шав, баъд ба Ҳаҷ меравӣ…

Масъулони бахши дин дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамакнун ҳақ доранд, дархости ашхоси камбизоат ва ҳамаи онҳоеро, ки ба назари масъулини дин, «вазъи иҷтимоиаш хуб нест», барои адои маносики ҳаҷҷ, рад кунанд.

Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин ҳарчанд ин тасмимро ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон арзёбӣ мекунанд, аммо огоҳон мегӯянд, тасмими Кумитаи дин идомаи маҳдудкуниҳо дар самти адои маросими ҳаҷ мебошад.

«Бо қарз мехоҳанд “биҳиштӣ” шаванд»

Як ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, дастури рад кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои маносики ҳаҷҷ, баъд аз ҷаласа бо ҳузури муовини сарвазир гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа бо ҳузури Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва роҳбари комиссияи ҳаҷ, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дастур шудааст, ки дар нисбати шаҳрвандоне, ки вазъи зиндагиашон хуб нест, “қарори дахлдор қабул карда шавад.”

Дар ин ҷаласа, ки хабаргузориҳои расмӣ онро нашр карданд, Азим Иброҳим супориш додааст, ки “масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд”. Ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи дин мегӯяд, таҷрибаи омӯхтани вазъи зиндагии ашхоси талабгори ҳаҷ нав нест, вале ҳамакнун масъулони бахши дин дар навоҳӣ мустақилона ҳақ доранд дархости ашхоси гирифтори мушкилро рад кунанд.“Комиссияҳои маҳаллӣ дар назди масъули бахши дин, вазъи оилавии шахсро меомӯзанд, ки оё тавони иқтисодии адои ҳаҷро дорад ё не. Чун дар солҳои гузашта таҷриба буд, ки сокинон қарз карда, мехоҳанд ҳаҷ карда, биҳиштӣ шаванд. Инчунин зане буд, ки писараш нав вафот кардааст, аммо ӯ мехоҳад манзили писарашро, ки дар он 3 фарзанди ятими ӯ зиндагӣ мекунанд, фурӯхта ба ҳаҷ равад. Ба ин хотир, дастур шуд, ки дархости шаҳрвандоне, ки вазъи иҷтимоиашон хуб нест, барои ҳаҷ рад карда шавад,”-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Аммо масъулини Кумитаи дин, манъ кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои Ҳаҷро ҳамчун маҳдудкунии навбатӣ, рад карда мегӯянд, ин тасмим ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон гирифта шудааст.

«Роҳи нав барои фасод»

Дастури манъи ҳаҷ барои ашхоси камбизоат аз аввалин маҳдудкуниҳои мақомоти тоҷик дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаҷ нест. Қаблан мақомот рафтани ашхоси то 40-сола ба ҳаҷро манъ карданд. Ин муқаррарот ҳам мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, вале ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар чунин ҳолат мешавад хоҳиши зоирони калонсолро дар навбати аввал иҷро кард. Инчунин зоирин аз ҳаққи додани таом ҳам маҳрум мебошанд.Дар Тоҷикистон, ки бахши аъзами он мусалмонон мебошанд, сокинон талош мекунанд, дар давоми умр ҳадди ақал як маротиба ҳаҷро адо кунанд. Қишри камбизоат ва миёнҳоли ҷомеа барои адои ин маносик солҳо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо огоҳони соҳа мегӯянд, ба ихтиёри масъулини дин дар навоҳӣ додани манъи дархостҳо барои ҳаҷ, роҳи нави фасодро боз мекунад.

Ба қавли таҳлилгарон, дастури нав метавонад барои масъулини дин баҳонае бошад, то онҳо дархости ҳар касеро, ки мехоҳанд, рад кунанд. Чун ба қавли ҳамсӯҳбати мо, пурра санҷидани вазъи зиндагии даҳҳо ҳазор нафар талабгорони ҳаҷ дар мӯҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст.

Солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Тибқи омори ахир соли равон аз Тоҷикистон 6 ҳазору 520 нафар ба ҳаҷ рафтаанд. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шуда буд. Нархи Ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар соли 2018, то ба ҳол муайян нашудааст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

«озоди»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *