Аввал каллабозӣ, баъд футбол пайдо шуд!
Ҳар сол санаи 10 декабр ба таври расмӣ набошад ҳам, Рӯзи байналмилалии футбол (World Football Day), таҷлил карда мешавад. Бад-ин минвол ҷомеаи байналмилалӣ эҳтироми хосаи худро ба ин намуди варзиш, ки барои миллионҳо нафар натанҳо бозӣ, балки тарзи ҳаёт гаштааст, зоҳир менамояд.
Дар бораи таърихи пайдоиши ФУТБОЛ ақидаҳо гуногунанд. Муаррихон дар бораи ин намуди тӯббозӣ бори нахуст аз сарчашмаҳои хитойии ҳазорсолаи дуюми то мелодӣ «ҳамчун бозӣ бо тӯбу пойҳо» пайдо намудаанд. Бо хитойӣ ин бозӣ «тсу чю» ном доштааст, ки маънояш «бо пой тела додан» аст. Бозии футбол ба низомиёни чинӣ имкон медод, ки ҳолати хуби тарбияи ҷисмониашонро нигоҳ доранд.
Дар асл, ҳеҷ кас намедонад, ки бозии футбол кай ба миён омадааст.
Баъзеҳо бар ин фикранд, ки асосгузори футбол бозии ваҳшиёнаи саксониҳо маҳсуб меёбад, ки асри VIII дар Англия мезистанд. Онҳо дар майдони ҷанг, пас аз анҷоми набард, каллаҳои буридаи душманонро шатта мезаданд.
Дарвозаи футбол буду дарвозабон, ин аниқ аст, аммо 3 ҳазор сол пеш чун як қисми тарбияи ҷисмонии аскарон маълум буд.
Тӯр дар дарвозаи футбол бори аввал моҳи марти соли 1891, ҳангоми бозӣ миёни мунтахабҳои Англияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, истифода гардидааст.
Ба бозии футбол ҳамчунин дар Юнони Қадим ва Рим беш аз дуюним ҳазор пеш шавқ доштанд. Дар Юнон ин варзиш бо номи «мубориза барои тӯб» маълум буд ва эҳтимол аст, ки дар вакти бозӣ аз усулҳои гуногуни варзишҳои размӣ истифода мекарданд.
Фактҳои ҷолибтарини футбол:
— 24 октябри соли 1897 дар Русия нахустин бозии расмии футболро ба қайд гирифтанд;
— 13 июли соли 1930 дар кишвари Уругвай нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба футболро баргузор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ