Аввал маст шуданду тартиботро вайрон карданд, баъд ҳабс
Мақомоти милитсияи пойтахт аз боздошти ду нафар хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задаанд.
Манбаъ менависад, ки дар ҷараёни баргузории корҳои профилактикӣ якчанд нафар, ки дар ҳолати мастӣ тартиботро вайрон намудаву бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро поймол намудаанд, боздошт гардида, нисбаташон чораҷӯӣ карда шудааст.
Бино ба иттилои дастрас, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ Алиев Қудратулло Мирзоанварович, санаи таваллудаш 16.07.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Сангтуда ва Ғуломалиев Маҳмадраҳим Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 10.05.1961, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ мебошанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме аз онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ