Аввалин ҷарроҳии бемории саратон дар Душанбе
Соли равон маротибаи аввал аз ҷониби устоди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он гузаронида шуд.
Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Усули ташхис ва амалиёти даруннигарии ретроградии холесисто-панкреатографӣ ҳангоми бемориҳои санги роҳҳои талхагузар ва тангшавии он низ аз ҷониби устодони ин донишкада бо муваффақият гузаронида шудааст.
Ҳамчунин, дар соли равон аз тарафи омӯзгорони донишкада 3 намуди иловаҳои фаъоли биологӣ коркард шуд: малҳами Маклюфер (шираи камол ва маклюфер), қиёми Псоралея (барои касалиҳои пӯст) аз растаниҳои табиати мамлакат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ