Аввалин бинои баландошёна дар Хоруғ ба истифода дода шуд

Имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал дар таърихи вилоят бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ иборат аз 63 хона мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси ВМКБ хабар дод, ба қисмати аввали бинои нуҳошёна асосан сокинони мавзеъҳое, ки дар ҷойи хонаи онҳо сохтани биноҳои нави таъйиноти гуногун, аз қабили ду бинои 12-ошёна ва як бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ, бинои 5-ошёнаи «Амонатбонк» ва 12-ошёнаи «Ориёнбонк», театри вилоятӣ барои ҳазор ҷойи нишаст дар назар аст, кӯчонда шуданд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Ҳокимзода дар маросими ба истифода додани қисмати аввали бинои нуҳошёна иштирок намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Зимни маросими расмии ифтитоҳи бинои баландошёна Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки оғози сохтмони бинои мазкур бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, туҳфаи хубест барои сокинони минтақаи кӯҳистони кишвар, зеро норасоии фонди манзил дар вилоят ва бахусус шаҳри Хоруғ имрӯз яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад.

Охирин корҳои рангуборкунӣ ва васлу насб дар ду бинои дигари ҳамшафат идома дошта, дар назар аст ин биноҳо  дар арафаи таҷлил аз солгарди 20-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *