Аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар Балҷувон

Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ сохтмони 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла, сохтмони 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ ва 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.

— Аз 257 иншооти ба нақша гирифташуда 51 иншоот ба истифода дода шуда, дар 53-тои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Корҳои лоиҳакашии иншооти боқимонда низ дар ҳолати коркард қарор доранд,- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, манбаъ ёдовар мешавад, ки бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон аввалин бор бинои истиқоматии панҷошёна барои сокинон сохта шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ганҷи дарё» буда, бино аз 5 ошёна, 42 ҳуҷра, 2 даромадгоҳ иборат буда, хати обу корез мувофиқи қоида насб гардидаанд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 1, 2 ва 3 ҳуҷра иборат мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *