Аввалин филми аниматсионӣ дар Тоҷикистон

Дар бинои “Душанбе –Плаза” бо иштироки намояндагони Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, ЮСАИД, ЮНИСЕФ ,Институти Ҷомеаи Кушода, сафоратҳо шарикони рушд ва дигар ташкилотҳо чорабинии  милли тахти унвони «Таҳсилот аз хурдсоли огоз меёбад» баргузор гашт.

Дар ин чорабини маҳсули дастони кӯдакони дабистонҳои кишвар ҷамъ оварда шудааст, ки хеле зебову диданӣ буд. Мақсади чорабиниро Парвина Мухаммадхоҷаева   мушовир оид ба равобити ВАО дар ЮНИСЕФ  чунин шарҳ дод:

Мақсади чорабини рушд додани маҳорату малакаи кӯдакони то сини мактабӣ мебошад. Бояд кайд намуд, ки барои рушди бармаҳал барои кӯдаконе, ки аз сини 3 то 6-7 солагӣ идома меёбад, хеле бо маврид аст.

Бояд тазаккур дод, ки аввалин маротиба дар кишвар филми аниматсионӣ эҷод шудаст, ки  як  чанд эпизоди он дар ин чорабинӣ нишон дода мешавад. Худи филм аз 25 эпизод иборат аст ва он аз моҳи январи соли 2017 то охири сол тариқи телвезиони Баҳористон ба кӯдакон намоиш дода мешавад.

Дар баробари ин дар хама минтақаҳои ҷумҳурӣ намоишҳои театрӣ,  вохуриҳо бо кӯдакон ва  волидони онҳо, мурабияҳои дабистон гузаронида мешавад.

Дар айни замон танҳо 12,5 %-и кӯдакони мо дастраси ба кудакистонҳо доранд. Бояд ба дигар кӯдакон бо воситаҳои гуногун  имконият дода шавад, ки ҳунару малакаи  худро сайқал диҳанд.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *