Аввалин маротиба дар Тоҷикистон: «Травиата» бо забони асл

Моҳи феврали соли равон Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки ситораҳои Тоҷикистон, Италия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон лоиҳаи нави байналмилалиро амалӣ менамояд.

Бино ба иттилои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дар саҳнаи театр моҳи феврал операи ҷовидонаи Ҷузеппе Верди — «Травиата» бо забони асл ба намоиш гузошта мешавад.

— Беҳтарин ҳунармандони операи тоҷик, оркестри беҳамтои мо бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, яккахонони мо якҷоя бо Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афаг Аббосов операи «Травиата»-ро ба тамошобинон манзур мекунанд». Алмоси репертуари классикӣ — «Травиата» достони бебозгашт дар бораи руҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст ва инак, дар саҳнаи мо савти тоза пайдо мекунад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *