Аввалин микроавтобусҳои барқӣ дар роҳҳои Душанбе
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар роҳҳои Душанбе ҳаракати микроавтобусҳои Foton Toano, ки 17 нафар мусофир ва ронандаро ҷойгир мекунанд, роҳандозӣ шудааст.
Директори ширкати «Аҳмар» қайд кардааст, ки айни замон фаъолияти 6 микроавтобусро ба роҳ мондаанд ва аллакай дистрибютори расмии Foton дар Тоҷикистон ҳастанд ва метавон чунин моделҳоро барои эҳтиёҷоти дигар низ ворид созанд.
Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад.
Яъне, як заряд кифоя аст, ки микроавтобус ба мусофирон якчанд рӯзи пурраи корӣ бидуни барқгирӣ хизмат расонад.
Барқикунонии нақлиёт дар Душанбе тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028” сурат мегирад.
То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд пурра ба таксиҳои барқӣ гузарад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳрдории Душанбе эълон карда буд, ки дар ояндаи наздик автобусҳои мусофирбарӣ низ бо автобусҳои барқӣ иваз карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ