Аввалин наттоқи телевизион Рафоат Абдусаломова чӣ орзу дорад?

«Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизиони Сталинобод барномаи аввалини худро сар мекунад» — ҳамин як ҷумларо гуфтан осон набуд. Он қадар ҳаяҷон, он қадар омодагӣ, он ҳама ташвиш. Вақте ин ҷумларо гуфтам ва камера ҷониби Исаева – наттоқи русизабон тоб хӯрд, гӯё аз дӯшам бори вазнине афтод ва нафаси озод кашидам…

Рафоат Абдусаломова, наттоқи аввалини телевизиони тоҷик воқеаи фараҳбахши 59 соли пешро ба ёд меорад… 59 сол пеш, 3 октябр, маҳз ҳамсуҳбати имрӯзаи ман Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова ба фаъолияти телевизиони тоҷик ҳусни оғоз бахшид. Суҳбати мо ҳам чанд рӯз қабл, дар рӯзи таҷлили 59- солагии телевизиони тоҷик, ки Рафоат Абдусаломоваро Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо Ифтихорнома қадрдонӣ кард, сурат гирифт…

-Муаллима, баъди гузашти ин ҳама сол оё боре андеша кардед, ки чаро маҳз шуморо интихоб карданд?

-Албатта. Ин дар тақдири ман будааст. Вақте маро ба кастинг ҷеғ заданд, нав курси якумро тамом мекардам ва намедонистам, ки телевизион чӣ аст. Конкурс ниҳоят ҷиддӣ мегузашт ва дар се давра баргузор шуд. Нахуст аз рӯйи сурат озмун эълон карданд, баъдан суханронӣ дар назди камера ва сеюм барои интихоби наттоқи аввалин. Пас аз даври аввал тахминан 50 нафарро интихоб карданд ва ба мо фармуданд, ки дар назди камера ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ хонем, шеър қироат намоем. Ҳамин тавр, дар даври охир эълон карданд, ки Рафоат Абдусаломова аз ҳама беҳтарин дониста шуд ва маҳз ӯ нутқи нахустинро аз тариқи нахустин телевизиони тоҷикӣ ироа мекунад. Ман дар шигифт будам ва ҳаяҷон маро пахш кард. Ҳамин тавр, чанд рӯз омодагӣ гирифтем. Ниҳоят 3 октябр дар студия ҳозир шудем: Обид Ҳомидов директори нахустини телевизиони тоҷик, Иброҳим Раҳматов сармуҳаррири аввалин ва Акбар Ҷӯраев аввалин саррежиссёри телевизион ва дигар кормандони техникӣ маро насиҳат мекарданд, то ки ба ҳаяҷон дода нашуда, ҷумларо дуруст хонам. Ҳамин тавр, телевизионии тоҷик пахши барномаҳои худро оғоз кард. Нахуст бо забони тоҷикӣ ва русӣ ману Исаева 3 дақиқа ахбор хондем ва пас аз ин, филми «Чароғ дар кӯҳсор»-и «Тоҷикфилм» пахш шуд…

-Шумо он замон донишҷӯ будед. Оё рӯзи дигар дар донишгоҳ ва кӯчаҳо шуморо шинохтанд?

-Бале. Рӯзи дигар ба автобус вақте савор шудам, ҳама дар бораи ман гап мезаданд: «Ана ҳамин, ана ҳамин», «Не вай ин набуд», «Ҳамин охир», «Вай робот буд», «О, чӣ хел робот буд, одам буд»… Як кампир бо наберааш оҳиста наздик шуда, куртаи маро қапид. Билохира хулоса карданд, ки ман ҳамонам…

-Яъне, дар рӯзи якум аллакай шаҳди шуҳратро чашидед?

-Бале. Он замон нисбати кормандони телевизион эҳтиром мегузоштанд. Вақте ба мағоза дароям, навбат медоданд, бо эҳтиром суҳбат мекарданд ва ин боис мешуд, ки масъулияти мо дучанд гардаду корамонро беҳтар кунем. Ҳозир, ман мушоҳида мекунам, ки ин тавр нест. Давраҳои мо дигар буд.

-Шумо 45 соли умратонро ба телевизион бахшидед…

-Бо ин ифтихор мекунам…

-Ҳозир агар аз назди телестудия гузаред, чиро ҳис мекунед?

-Эҳсоси гуворо. Мисле ки дар назди хонам қарор дорам.

-Ба телевизион меравед?

-Гоҳ-гоҳ меравам, бо ҷавонҳо ҳамсуҳбат мешавем, онҳо баъзан худашон ҷеғ мезананд. Ман ҳам ҷавонҳоро насиҳат мекунам, ки бештар кор кунанд, босифат кор кунанд. Телевизион чунин хусусият дорад, ки одами сабукро зуд ғарра мекунад, аз худ меравонад. Масалан, гоҳо барандаҳо як суҳбати одӣ карда, дар субтитр менависанд: «Фалонӣ, Журналист»… Охир барандаи телевизион будан, маънои журналист буданро надорад. Барномаи сусти як барандаи ҷавон обрӯи журналистро паст мезанад.

-Дар мавриди телевизион муҳаққиқон назарҳои мухталиф доранд. Ба назари шумо, ки умратонро сарфи ин соҳа кардед, телевизион чист?

-Ҳама чиз. Телевизион зиндагии ман аст, зеро мо онро чун фарзандамон ба вуҷуд овардем, сохтем…

-Он чӣ вазифа дорад?

-Аслан воситаи тарғиботӣ аст ва ҳадафаш ҳам таъсир расонидан ба мардум. Телевизион бисёр муҳим аст ва обрӯи ҳар як давлат телевизонаш мебошад. Дар замони муосир телевизион симои ҳар як давлат аст, ки онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

-Шумо сатҳи телевизиони тоҷикро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Ман аслан, кам телевизионҳои Тоҷикистонро тамошо мекунам.

-Чаро?

-Барои он ки барномае, ки ба завқи ман мувофиқ бошад ва ман онро интизорӣ кашида, дар соати муайян тамошо кунам, нест. Шумо медонед, дар замони мо техникаи нағз набуд. Аввал ҳама барномаҳо мустақим пахш мешуданд, ҳар ҳаракати беҷоро тамошобин мушоҳида карда метавонист. Охири солҳои 60-ум дастгоҳи сабт ба вуҷуд омад. Соли 1970 ман клуби «Дугонаҳо»-ро таъсис додам, аммо бадии кор дар он буд, ки як соати барномаро беист сабт кунем ва дар дақиқаи охирин як хатоӣ раваду режиссер «Ист» гӯяд, ҳамаи барномаро аз нав сабт кардан лозим мешуд. Ин ниҳоят душвор буд. Баъди се — чор сол техникаи нав пайдо шуд ва имконияти танзими барнома ба миён омаду корамон осон шуд. Ҳоло техникаи муосир ҳаст ва бояд ба дараҷаи байналмилалӣ барнома таҳия кунем, аммо рости гап, бигзор аз ман наранҷанд, сатҳи барномаҳо сустанд. Охир имкон ҳаст, ки телевизионҳои Русия ва Афғонистону Эронро тамошо кунанду барномаҳои нағз таҳия намоянд… Намедонам, шояд кадрҳои нағз нестанд ё…

-Шояд набудани як мактаби пурқуввати телевизион сабаби набудани кадрҳои баландихтисос аст?

-Шояд. Кафедраи телевизион ва радио дар факултети журналистикаи ДМТ ва Донишкадаи санъат ҳаст, аммо ба фикрам онҳо кам таҷриба меомӯзанд.

-Чаро шумо дар донишгоҳҳо кор накардед, то ки барои тарбияи кадрҳо саҳм гиред?

-Маро ҳам ба Донишгоҳи миллӣ, ҳам ба Донишкадаи санъат даъват карданд, аммо нарафтам, зеро онҳо шароит надоштанд, дар зимистон аудиторияҳо гарм набуданд. Баъдан, аз хонаи мо то ин донишгоҳҳо воситаи нақлиёт нест. Барои ҳамин нарафтам. Аммо барои ҷавонон ҳамеша кумак мекунам, занг зада мегӯянд, ки «Муаллима, фалон барноми маро дида, фикратонро гӯед» ва тамошо карда, занг зада тавсияҳо медиҳам, барои журналистон 3 китоб навиштам. Нахустин китоби тоҷикиро дар соҳаи телевизион ман навиштаам.

-Телевизион дар ҳаёти оилавии шумо чӣ таъсир гузошт?

Албатта, бетаъсир буда наметавонист. Ман дар курси се оиладор ва дар курси чорум фарзанддор шудам. Таҳсилу кор ва нигоҳубини фарзанду шавҳар бароям сангин буд. Баъдан, вақти таваллуд ба ман рухсатӣ надоданд, зеро наттоқи ботаҷриба набуд. Бинобар ин, аввал доя гирифтем, аммо бенатиҷа. Баъдан, бо тавсияи шавҳарам кӯдакро ба Конибодом, назди модарам фиристодем. Дар 8 — моҳагӣ Бахтиёрро ба назди бибияш фиристодему баъди 4 моҳ ӯ сурхакон шуда, аз дунё гузашт. Дидани рӯйи хунуки фарзандам ба ман бисёр сангин буд. Ман дар ҳаёт азобҳои зиёдро дидаам, аммо рӯҳафтода нашудам. Охир зиндагӣ давом дорад.

-Наттоқи нахустини телевизион дар ҷавонӣ ошиқҳои зиёд пайдо карда, мактубҳои зиёд мегирифтагист?

-Бале, беҳисоб. Аммо ман аҳамият намедодам. Сахттарин ошиқам шавҳарам буданд, ки ба ҳам расидем. Он кас номзади илми биология, доктори илми кишоварзӣ, профессори Донишгоҳи аграрӣ шуданд. Се сол пеш аз дунё гузаштанд.

-Мебинам, ки шеър ҳам менависед, дар «Фейсбук» фаъолед…

-Бале, бекор буда наметавонам. Мухлисон ҳамеша мепурсанд. Бинобар ин, барои онҳо менависам. Ман, умуман, ҳамеша бо мардум, бо мухлисонам будан мехоҳам, бинобар ин кӯшиш мекунам, ки ҳамеша фаъол бошам. Боз як таҷриба карда, «Садои дил»-ро сабт мекунам, ки тариқи интернет пахш мешаванд ва ба мардум писанд шуд.

-Ба худатон чӣ орзу доред?

— Духтарам дар Олмон, писарам дар Тотористон. Онҳо фарзанду зиндагиву кор доранд. Афсӯс, замона ҳамин хел шуд, ки ҳама парешон шуданд. Ман мехоҳам, ки фарзандонам дар назди худам бошанд… Аммо онҳо аз ман дуранд, фикру хаёлам дар назди онҳост. Гарчанде онҳро барои зиндагии доимӣ даъват мекунанд, аммо ман бе Душанбе наметавонам…

-Ба телевизиони тоҷик чӣ орзу доред?

-Парвози баланд ва барномаҳои баландмазмун. Соли оянда телевизиони тоҷик 60 — сола мешавад. Ман пешниҳод мекунам, ки ба он омодагии ҷиддӣ бинанд ва дар сатҳи шоиста таҷлил кунанд. Шукр, ки Обид Ҳомидов ва чанд нафари дигар ҳастанд, ки ба таъсиси телевизиони тоҷик бевосита алоқаманд ҳастанд. Дар мавриди ин нафарон барномаҳои нағз таҳия кунанд…

Мусоҳиб
Одил Нозир
“Тоҷикистон” №41, 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *