Аввалин симпозиуми миллӣ дар МТС

19 ноябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯи «Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон» симпозиум гардид.

Қиёмиддин Сатторӣ, сухангӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ иттилоъ дод, ки дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону мутахассисон, коршиносон ширкат доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода дар ҳамоиш  иброз доштааст, ки  маҳз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани аввалин Симпозиуми миллӣ дар мавзӯи «Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон» рӯйдоди басе рамзист, зеро маркази мо муҳимтарин ё шояд, ягона маркази фикрию таҳлилиест, ки ба таҳлилу сиёсатшиносии амалӣ бевосита ҳамчун масъулияти хизматии худ машғул мебошад.

 Аҳаммияти махсуси ин чорабинӣ дар он аст, ки имрӯз бори аввал мавзӯи вазъият ва рушди сиёсатишиносии амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида, дар доираи як симпозиум баррасӣ мегардад. Қодирзода таъқид намудааст, ки дар раванди тамоми тадқиқоту таҳлилҳо ҳама гуна масъалаҳо аз ҷониби муҳаққиқон бояд дар доираи манфиатҳои миллӣ сурат гирад.

Дар назди ҳозирин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода низ баромад кардааст.

Сипас, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи «Сиёсатшиносии амалӣ: барои кӣ ва барои чӣ?», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Абдусалимзода дар мавзӯи «Иттилоотонии сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир», раиси Ассосиатсияи миллии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Ассосиатсияи миллии Тоҷикистон: омилҳои ташаккул ва фаъолияти он», дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қуддусӣ Хуҷамурод Сафарализода дар мавзӯи «Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар раванди таҳқиқоти сиёсӣ», дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов дар мавзӯи «Ташаккули таҳлили сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарон суханронӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *