Аввалин зани ронанда дар Хуҷанд

Рӯзи 24 феврали соли равон қалби яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи театру синамои тоҷик, актрисаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Гавҳар Ҳоҷибоева дар синни 85- солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум яке аз он нафароне буд, ки беш аз 60 сол дар рушди санъати тоҷик хидмат кард ва дар қалби ҳазорон мухлис ошён гузошт….

55 сол дар сари чамбарак

Чанд сол пеш, зимни сафарам ба шаҳри Хуҷанд ният кардам, ки бо чанд нафар аз ҳунармандони Театри Хоҷа Камол сӯҳбат ороям, аз ҷумла бо Гавҳар Тоҷибоева. Маслиҳат шуд, ки дар нишастгоҳҳои боғи театр во мехӯрем.

Дар вақти муайянгардида ба қафои театр омада, мунтазири эшон будам. Мошине вориди боғ шуд ва дар таваққуфгоҳ истод. Бодиққат нигоҳ кунам, Гавҳар Тоҷибоеваи ду кам 80-сола сари чамбарак ҳастанд. Чун эшон аз мошин пиёда шуданду рӯ ба рӯ шудем, ҳайратзада бо чанд суол ба эшон муроҷиат карда, посух гирифтам:

-Аҷиб, намедонистам, ки Шумо мошин меронед…

-Мошинронии маро ҳамаи Хуҷанд медонад.

-Аз кай сари чамбарак ҳастед?

-Аз соли 1968. Яъне аз 28 солагӣ. 50 сол мешавад.

-Чӣ зарурат пеш омад, ки рананда шавед? Чун он солҳо ронандагӣ баёни занҳо роиҷ набуд.

-Бале, ман аввалин зани ронанда дар шаҳри Хуҷанд ҳастам. Он солҳо албатта, занон дар колхозҳо ронандаи трактор ва дигар мошинҳо буданд, вале мошини сабукрав намеронданд. Чанд сол пеш дар телевизион як барнома шуду ман гуфтам, ки аввалин зани ронанда дар Хуҷанд банда ҳастам, вале як нафар аз таърихдонон эрод гирифт, ки пеш аз ман Шарофат ном зан мошини калони боркаш мерондааст. Вале ба ҳар ҳол, вақте ман сари фармони мошин нишастам, дар кӯчаҳои шаҳр ҳанӯз занҳо мошин намеронданд. Ҳатто бисёриҳо ба тамошои ман мебаромаданд. Вале ман аз рӯйи зарурат ронанда шудам. Вақте фарзанди дуюмамро таваллуд кардам, душвор шуд. Кори театр, кори хона ба боғча бурдани кӯдакон… душвор буд. Ҳамин аст, ки дар курси ронандагӣ таҳсил карда мошин гирифтам.

Воқеан, Гавҳар Тоҷибоеваро метавон инқилобчӣ арзёбӣ кард, зеро соли 1968 сари чамбараки мошини шахсӣ нишастан ҷасорат талаб мекард. Дигар ин, ки дар тӯли 55-соли ронандагӣ марҳум боре ҳам қоидаи ҳаракати роҳро вайрон накарда ва ҷарима нашудааст. Ҳамин аст, ки чанде пеш БДА-и вилояти Суғд ронанда Гавҳар Тоҷибоеваро бо сипоснома қадрдонӣ карда буд.

Умре бо театр

Гавҳар Тоҷибоеваро метавон фарзанди ҳунар номид. Зеро, падараш  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон — Тоҳир Тоҷибоев (1909-1978) яке аз нахустин актёрони Театри шаҳри Хуҷанд буд. Як муддат дар Театри  давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳам, кор кардааст. Беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр Тоҳир («Тоҳир ва Зӯҳро»-и С. Абдулло), Неъмат («Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ) будааст. Ҳамчун коргардон асарҳои «Нурхон»-и К. Яшин, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Иродаи зан»-и А. Сидқиро ба саҳна гузоштааст. Ҳунарӣ ӯ дар филмҳои “12 қабри Хоҷа Насриддин” (1966) ва “Ҳеҷбудагон” (1974) муҳри ҷовидонӣ ёфтааст.

Модари Гавҳар Тоҷибоева Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон — Башоратхон Тоҷибоева (1916-1965) низ, дар театри ба номи Хоҷа Камол фаъолияти ҳунарӣ дошт ва яке аз актрисаҳои номдори замони хеш буд.

Дар чунин муҳит Гавҳар Тоҷибоева ба воя расида, табиист, ки меҳри ҳунар дар қалбаш аз даврони кӯдакӣ ҷой шудааст.  Вале вақте волидайн азми духтарашонро барои ҳунарпеша шудан мефаҳманд, монеъ мешаванд, зеро онҳо намехостанд фарзандашон дар оянда азоб кашад. Зеро он солҳо кори ҳунармандон бисёр душвор буд. Сафарҳои ҳунарии онҳо то 3-4 моҳ тӯл мекашид. 

-“Бо тавсияи падару модарам аввал ба техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд дохил шудам. Ду сол дар он ҷо таҳсил кардам, вале меҳри ҳунар маро ором намегузошт. Бинобар ин, техникумро хатм карда, ба Омӯзишгоҳи санъат дохил шудам. Аз соли 1961 дар Театри мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Камол Хуҷандӣ кор мекунам”, – ба ёд овард Гавҳар Тоҷибоева.

Ташнаи саҳна

Гавҳар Тоҷибоева аз зумраи он ҳунармандонест, ки масоҳати эҷодаш бисёр фаррох буд. Ӯ метавонист ба соддагӣ аз уҳдаи иҷрои ҳамаи нақшҳо, хоҳ фоҷеавӣ бошад, хоҳ мазҳакавӣ, барояд.

“Нақш — ин ҳолат аст. Вақте актриса ҳолати қаҳрамонашро амиқ меомӯзад иҷрои он барояш душвор нест. Вале вақте ба қаҳрамонаш сар-сарӣ муносибат мекунад, нақш комил намебарояд”- зикр кард, Гавҳар Тоҷибоева.

Ӯ аз он норизо буд, ки солҳои охир дар театр кам нақш меофарид.“Ба синну соли мо нақши мувофиқ нест”, — гӯён, пайваста афсӯс мехӯрд. Солҳои охир дар намоиши “Дили модар” дар таҳиқи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон нақш меофарид ва хушҳол буд, ки ҳар вақт ба саҳна мебарояд ва бо мухлисонаш рӯ ба рӯ мешавад. 

Гавҳар Тоҷибоева дар филмҳо ҳам, нақшҳои зиёде офаридааст. Нақшҳои офаридааш дар филмҳои “Рустам ва Сӯҳроб”, “Аруси шаҳрӣ”, “Модар нигарон буд”, “Ҳеҷ будагон”, “Бачаи обӣ”, “Ишқи маҳтобӣ”, “13 соли интизорӣ” ва ғайра аз ҷониби тамошобин хуш истиқбол ёфтаанд.

Ҳамқадами замон

Солҳои охир ҳам, Гавҳар Тоҷибоева фаъолияти пурсамари ҳунарӣ дошт. Гарчанде дар саҳнаи театр кам ҳунарнамоӣ мекард, вале пайваста дар филмҳо, клипҳо ва роликҳои рекламавӣ нақшҳо меофарид.

— “Ман бекор нишаста наметавонам. Вақте маро барои иҷрои нақш даъват мекунанд, хурсанд мешавам. Бинобар ин, бо ҷавонон ҳамкорӣ мекунам, вақте даъват мекунанд бо хушҳолӣ меравам”-мегуфт, Гавҳар Тоҷибоева.

Гавҳар Тоҷибоева ҳамчунин, дар баробари фаъолият дар Театри Хоҷа Камол ва нақшофарӣ дар филмҳову клипҳо дар барномаҳои Асамбли фолклориву этнографии “Бибиҳо”, ки таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон — Сайрам Исоева фаъолият мекунад, иштирок мекард.

Шукргузор

Гавҳар Тоҷибова аз зиндагии хеш шукргузор буд. Мегуфт, ки зиндагии хуберо пушти сар кард.

— “Ман аз сарнавишти хеш розиям” – мегуфт, ӯ.  Ӯ ҳамчунин, аз он меболид, ки дар баробари тавфиқ ёфтан дар кор, дар оила ҳам, хушбахт буд. Шавҳараш Каримҷон Ёрматов низ ҳунарманди асил буда, то имрӯз дар оркестри Театри ба номи Хоҷа Камол ҳамчун мутриб фаъолият мекунад. Се фарзанди Каримҷон Ёрматов ва Гавҳар Тоҷибоева – Бахтиёр, Нодира ва Нигора дастпарварони Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, Бахтиёр шуғли волидайнро идома медиҳад ва имрӯз корманди театр аст.

— “Дар зиндагӣ шукргузор будан лозим аст. Вақте инсон сабр мекунад, ва талош менамояд ба ҳама чиз муваффақ мешавад. Вале вақте шукр намегӯяд, талошҳои зиёдаш самар намеоранд. Бинобар ин, инсон бояд шукргузор бошад. Ман бо чунин шева зиста, пушаймон нашудам”-мегуфт, марҳум Гавҳар Тоҷибоева.

Ёдаш ба хайр!

О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image