АЙ БУЗУРГВОРО! нигоҳи тамоман дигар доири Ҷурабек Муродов
«Ай бузургворо!
Моем, ки дар ин рӯз ва дар ин замона бимонем, сарҳади фардову ояндаро убур карда натвонем!
Туӣ, ки рӯҳат, осорат, диловарию фидокориат аз сарҳади фардо мегузарад, онро убур мекунад. Туӣ, ки ба фардо ва барои ояндагон хоҳӣ расид.
Бо шарофати ту ояндагон ва фардоиён моро низ, ки дар замонаҳои гузашта мемонем, шинохтан бихоҳанд. Бо фаҳмидани ту моро фаҳмидан бихоҳанд. Бо дарк кардани ту моро дарк кардан бихоҳанд. Бо эътироф кардани ту моро эътироф кардан бихоҳанд.
Аз ин боис ту бузургӣ ва беҳамтоӣ, ай бузургворо!»
Ин нидо равона шудааст ба Ҷурабек Муродов.
Ҳамоне, кидар Донишгоҳи Санъат таҳсил нагирифтааст, балки дар Донишгоҳи омузгорӣ донишҷӯ буда дар оғози оғозҳо.
Вале ҳунаре, ки аз вай зуҳур ёфтаӯро ба олами санъат шиносонда, балки маъруф карда.
Бале дар чаман ғунчаи тозарӯ,
Зи аввал ҳувайдо кунад рангу бӯй.
Ҳам аз аввали субҳи гетиафрӯз,
Намоён бувад рӯшаниҳои рӯз….
Ҷурабекро аз курси донишҷӯӣ ба саҳна кашида буданд, баъданаз Хуҷанд бар Душанбе биоварданд, дар саҳнаи филармонияи Тоҷикистон ахтаре бишуд, ки ҷиллоҳои тоза ба тозааш ба назар мерасид торафт.
Вақте киҶурабек Муродов шеъри вобастаи модарро оҳанг барбасту бисароид, муаллифи он устод Турсунзода шунида, оби дида карду бигуфт:
— Фақат вақти иншо кардани ин шеър чунин гириста будам. Балки зиёдтар дилам об шудаҳолиё.
Ва барои Ҷурабекбиафзуд:
-Ту шеъри мароҳамчун нидои модар амиқтар кардӣ, бештар нишонрас сохтӣ.
Агар аз гиря кардан об мешуд дил дили ман буд,
(Ба зери мавҷи дарё монда соҳил соҳили ман буд)
Ва Турсунзода таъкид карда:
— Ман фарзанди модарам бошаму акнун ту фарзанди ман шудӣ, Ҷурабек бо оҳанг бастанат ба шеъри вобастаи модар.
Варо минбаъд «Писари Турсунзода» ҳам мегуфтанд.
Турсунзодае, ки раиси сулҳи қораҳои Осиё ва Африко, дорандаи ҷоизаҳои азими шӯравӣ ва ҷоизаҳои азми ҷаҳонӣ буд доири адабиёт ва шоири бузурги қарни бистуми оламмаҳсуб мешуд ва ӯ то дами вопасинаш Ҷурабекро писар мехонд.
— Ту писари маънавии ман! — мегуфт.
Бузургонро фақат бузургони дигар чунин эътироф бикунанд.
Яъне Ҷурабек ҳанӯз аз даврони навҷавонию ҷавонӣ ба ҳама шӯҳрату шон ва унвонҳо расида буда дар ҷумҳур.
Овози ӯ, ҳунари ӯ, маҳорати ӯваро ҷӯраи ҳама, ошнои ҳамагон, азизу марҳами мардумкарда буд.
Албатта, такя ба ин вай метавонист фориғ бишавад билкул ва баҳазӯру пурфароғат зиндагӣ карда бигардад то дами охирини ҳаёташ. Зеро ин шону шукӯҳ вайро хӯрондаву пӯшонда ва ба ӯтаъмини зиндагӣ бахшида метавонист.
Аммо ин магар ба хислати вай мувофиқмеомад?
Баръакс!
Вай дар ҳини парвоз медид осмон фаррохтару азим бошаду имкони дар он баландтар парвоз кардан ва усулҳои гуногуни парвозро санҷидан вуҷуд дорад.
Дар натиҷаи ин дарку талошу фидокориву ҷонбозӣ ва сайқал додани истеъдод ба ягона ҳофизи Осиёи Миёна ва Қазоқистонбадал биёфт, ки аз таронаи ҳамаи халқхои шуравӣбо забони худи онҳо месуруда, яъне бо русӣ, бо узбекӣ, бо қазоқӣ, бо туркманӣ, бо гурҷӣ, бо арманӣ, бо латвонӣ ва ҳамаи забонҳои дигари шӯравӣ.
Бо забони халқи дигар тарона хондан, ки худи онҳо дар ин созу сурудаи маъмулашоннуқсу иллат наёбандва қоил ҳам шаванд, ба ҳар ҳунарвар муяссар нагардад.
Аммо Ҷурабек муваффақ мешуд дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҷустуҷӯву истеъдоди хоса.
Ана барои чӣ варо ба унвони ҳунарпешаи (артисти) халқии сартосарии Иттифоқи Шӯравӣ пешбарӣ карданд вавобастаи ин консерти ҳисоботиаш баргузор гардид дар Маскав.
Ва ин на танҳо дӯстони варо шод гардонид ва ҳаводоронашро барафзуд, балки рақибони ҳунарашро басо барошуфт. Ва онҳо«ин ҷавонак аз ҳад баландравӣ дорад!» — гуфта натиҷагирӣбикарданд ва ба хулосаю қарор расиданд: «поён кашида ва шинонда мондан лозим аст вайро!»
Дар ҳақаш сиёҳнома иншо карданд ва то худи роҳбарони аввали Иттифоқи Шӯравӣ равона намуданд. Яъне
«ҶурабекМуродов дипломи соҳаи мусиқаву санъат надорад, чунин факултаву чунин донишгоҳро хатм накарда, яъне ҳунарпешаи касбӣ нест, чизҳои тараннумкардаи вай ҳам касбӣ набошанд, ҳарчанд гӯё, ки халқианд. Ва барои ҳамин ягон бор дар тӯли таърихи Иттифоқи советӣ ба кадом танбурию дутории халқӣ ва кадом мақомхони ҳаваскор, олитарин унвони санъаи шуравӣ, яъне артисти халқии шӯравиро надодаанд!» — таъкид мекарданд боз.
Бадхоҳон ба эътибор намегирифтанд, киистеъдод аксар на вобаста ба диплом рӯбизанадуҷилло бипошад, ки аз он ҳатто соҳибдипломҳо ҳайратзадаву шефтагашта монанд.
Вале рақибон дар борааш сиёҳнома навишта ба сарварони азими Иттиҳоди Шӯравӣ, ба умеде, ки боис мешавадунвони олиро, соҳиб нагардад, ҳаргиз, Ҷурабеки Мурод.
Ва раду бадалҳо ва баҳсҳо идома доштанд пиромуни ҳамин.
Баъди раду бадали думболадори ҳаводорону рақибон, ниҳоят,қарор бишуд, бори дигар ҳунарнамоӣ бикунадҶурабек дар Маскав барои ҳимояи чунин унвон, ки дар шуравӣ боре чунинаш рӯй надода.
Ва хоса, ки консерти ҳисоботии навбатӣ дар театри эстрадаи Маскав баргузор мегардид ва рақибон итмонон доштанд, эстрадӯстони шадид, ки аслан ба ин театр ворид мешаванд,кадом як сабку шеваи аз эстрада дури кадом халқи кучаки канора сарфаҳм намераванд ва муқаддам аз хатми консерт театро, албатта, тарк мегӯянд.
Аммо майли аз театр баромада рафтан ҳаргиз ба сари тамошобинони ҷамъомада роҳ намеёфт ва чунон кафкубиҳо мекарданд ва гаштаю баргашта ҶурабекМуродовро ба саҳна мехостанд, ки мавҷи инҳавохоҳӣто сақфи толор мепечид.
Дигар чизе намонда буд, ниҳоят, ғайри он, ки ба Ҷурабек Муродов бубахшанд унвони олии «Артисти(Ҳунарпешаи) халқии СССР».
Вай акнун ҳунарпешаи тамоми халқҳои шӯравӣ буд ва назди онҳо мерафт ҳамчун худие бароиҳунарнамоӣ ва санъатварӣ ва омӯзишҳои наве.
Хоса ба Узбекистон бисёр сафарҳои ҳунарӣ мекард ҶурабекМуродов ба хотире, ки ин ҷо тоҷикон зиёдтар. Сафари ҳунарӣ кардани вай тоҷикони ин ҷоро неруву қувват мебахшоид ва итмононашонро зиёд мекард.
Ҷурабек онҷо равад барои мактабҳои тоҷикии ин ҷо китобҳои тоҷикӣ ва китобҳои дарсии тоҷикӣ харида ҳадя мекард.
Инро ғайри ӯ кадом ҳофизи дигари тоҷик кардааст?
Ва мардуми узбек низ варо эътироф мекарданд ва санъаткорони касбии Узбекистон варо «устозимиз» меномиданд, яъне «устоди мо» ва «устоди ҳунар».
Эътирофи нуфузу санъати Ҷурабек аз чизи дигар ҳам бармеомад, яъне дар пояи зуҳур кардани сиёсат ва дипломатияи хоса.
Мисолҳо зиёданду фақат яке аз онҳоро биоварем.
Он солҳо молу чорвои тамоми навоҳии кӯҳистони Зарафшони Тоҷикистон, яъне Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳи кӯҳӣ дар ёнаву талу теппаву чӯлистони кӯҳистони Махмал ва вилояти Самарканд ва хоса Чизахти Узбекистон мечариданд вакунун онҳоро (садҳо ҳазор чорворо) аз ин ҷо канораву берун кардан мехостанд.
Ва ин масъаларо касе ҳалу фасл карда наметавонист ва ҳатто роҳбарониҷумҳури мо, яъне дар роҳи баррасии он оҷиз мемонданд.
Ҳали инро наметавонистандва намеёфтанд хоса бо сарвари онвақти Узбекистон Шароф Рашидов. Шароф Рашидов, ки вай аъзои политбюрои Кумитаи Марказии КПСС, яъне аз ҷумлаи роҳбарони воломақоми давлати абарқудрати СССР ба шумор мерафт.
Фақат Ҷурабекбуд, ки ин корроба ӯҳда гирифта. Яъне ба Шароф Рашидов рӯбиоварда. Шароф Рашидов бигуфташ: вақти наҳорӣ як ҷо мешинему каме ғазалхонӣ бикун, то ғубори зиёдшудаи дилам, хастагиву куфтагии аз ҳад фузудаи ҷисмамбарояд, баъд ба хулоса мерасем чӣбикунем ё накунем?
Шароф Рашидов овозаи Ҷурабекро, мақомхонии ӯро ва шукӯҳу шуҳрати варо шунида буд, вале кунун дар ин нишасти пурнаво мафтунаш ва шефтааш гардида бештар ва ин то ҳаде расида, ки иҷозаи аз чарогоҳои Узбекистон истифода бурдани молу чорвои Тоҷикистонро на фақат барои як соли дигар, балки барои даҳ соли минбаъдадароз бикунад.
Яъне садҳо ҳазор чорвои Тоҷикистон бе чарогоҳ намемонондан дар муддати даҳ сол.
Ҷурабек дар ҳақикат дипломат буд ва дипломат монда, яъне дар рафтор, дар муомила, дар муносибат, бо ҳалимии пурҳикмату пурифтихораш, бо табассуми пурбораш, киба атроф шукӯҳу хушҳолӣ ва сабукӣ меоварад, хоса бо дасте, ки гоҳе пеши бараш меьарадва зебою ҷавонардона рӯи дилаш мемонад ва лабханди хосаи пурмаъно равона месозад сӯи ҳар фарде.
Ҳатто вақти дар саҳна буданаш низ ин сиёсаташ ҳис мешавад.
Бо гузашти солҳо ба ин сиёсатмандии хосаи пурназокаташ омезиш хӯрдабуда ҳикмату сабри бештар ва тарҷубаи афзудатар.
Нуфуси Ҷурабек аз хоки шӯравӣҳам берун рафта буд дар он замонаҳо.
Бо забонҳои зиёди олам низ суруда: ҳинду, покистонӣ, арабӣ, испонӣ, итолиёвӣ, инглисӣ ва ғайра.
Дар садсолаҳои собиқ ягон ҳофизмарду ҳофиззани мо мисли ӯ фарогири таронаҳои забонҳои зиёди олам набуду дар ояндаи наздик шояд нашавад…
Ҷурабек бо Радж Капур якҷоя вақте ки дар Деҳлӣ сурудаи ҳиндиро иҷро кард, ҳама кафкзанон аз ҷобархостанд.
Сарвари Ҳиндустон Индра Ганди ба вай ифтихороте зоҳир мекард, аз Худованд сипосгузор буд, кибо чунин бузурмарди ҳунар дастафшориҳо дорад.Илова ба ин Индра Ганди варо «писараш» хонда.
Писари Индра Гандӣ, яъне Раджиб Гандӣ, ки баъди сари модараш рӯи кор омадабуд ва сарвариҲиндустони азим интихоб гардида, ҳамчунин Ҷурабекро баҳузураш пазируфтдар Деҳлии нав.
Умуман дар тамоми таърихи мусиқии тоҷик мислиҶурабек ҳунарманде набуду нест, ки ин қадар дунёро гашта бошад, на барои саёҳат, балки барои ҳунаромӯзӣ, яқинтараш ҳунарбахшӣ, балки нишон додани санъати халқи мо.
Вақте ки дар Амрико дар сафариҳунарӣ буд, тамоми тоҷикони ин қитъаи азим ба консерташ расида омаданд вамо дар ун солҳои шӯравӣ бори аввал тоҷик доштани ун қитъаро, (он замон Амрико бароямон то ҳаде паси пардаҳомонда), донистему хушҳолу мафтун гардидем, (ки шукр мотоҷикон танҳо нестем рӯи олам ва ҳар ҷо ҳамватане дорем ва унҳоҳавохоҳи момонда дар ҳамаҷо).
Вақте, ки Ҷурабек Муродов ба хориҷа мерафт танҳо намерафт, албат, балки аз ҳар маҳали Тоҷикистон касеро мебурд бо худ, то дар ин сафари ҳунарӣ низ ваҳдати миллӣ эҳсос бишавад. Масалан бо худ мегирифт: Дилдорова Майсара -аз Бадахшон, Холов Давлатманд — аз Кулоб, Алиматов Даврон -аз Хуҷанд ва ғайра.
Чунин карда буд ҳамчунин дами рафтанаш ба Таиланд ва Ҷапон ва дигар мамолики дунё, ки бозабони онҳо сурудаву тарона иҷро мекарда.
Бо ҳофизони онҳо низ якҷоя сурудаю таронамесароид.
Бо ҳофизоин бузурги дунё ҳамнишину ҳамдил буд ва бештари онҳо ба вай эътиқодманд шуда, ба амсоли Лугано Повороти- Итолиё, ба мисли Ху Лио — Инглис, Пулод Булбул Огли, Муслим Магамаев – Озарбойҷон, Иосиф Кабзон, Юрий Антонов, Александ Серов, Алла Пугачёва, Флип Коркоров, Владимир Винокур – Русия ва ҳамчунин бо маъруфтарин ҳофизони Осиёи Миёна, ба мисли Комилҷон Отаниёзов, Бобомурод Ҳамдамов, Фахриддин Умаров, Таваккал Қодиров, Олимахон Хайитова, Камолиддин Раҳимов, Гуломҷон Ёқубов, Юлдуз Усмонова, ШералӣҶураев ва дигарон…
Он таронаву сурудае, ки Ҷурабек ҳамроҳи ШералӣҶураев дар намоиши ҳунарии ба шарафи ташрифи Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон баргузор гардида, оламиёни моили моро мафтуну шефта сохта ва бори дигар бузургиҳо ва нотакрор будани Ҷӯрабек ҳувайдо гардида.
Ҷурабек худ мактаб аст, мактаби истеъдоду ҳанур, мактаби муомилаву назокату чорагарӣ ва ифтихороти хосаи тоҷикӣ. Сӯҳбаташ ва одобу ҳикмати сӯҳбаташ як мактаби дигарест мисли ҳунари нотакрораш, ки мактаби пурсабақест.
Бале вай як мактабест, ки басо мактабҳои дигар дода натвонанд.
Аз тамоми Осиёи Миёна шогирдон дора два ё онҳое, ки аз ин мактаби маънавии вай баҳрабардор шудаанд, хоса дар Тоҷикистон ва Узбекистонва минтақаи Чемкенти Казоқистон ва вилояти Оши Кирғизистон ва дигар мавзеҳо. Зиёда аз 60 шогирди соҳибдилу соҳибҳунару соҳибунвон дорад дар мамолики Осиёи Миёна.
Писаронаш низ шогидони ваянд ва фарзандаш Ҷонибек, ки бо ҷодаи падари бузургвор рафта мисли падар аллакай шинохтшуда бошад дар атрофу акнофи дуру наздик эътибор дорад, дар Укроин барнома сохт бо забони Укроинӣ, 11 тарона иҷро кард дар ҳамин вақти нотинҷии Укроин.
Вале магар ҳамаиЧурабекро эътироф кардаем ва магар ба қадраш расидаемҳама вақт?
Охир баъзан ину он дар ҳақаш чунон тӯҳматҳо бастаем, ки замину осмон лол мондааст.
Масалан борҳо овоза андохтем, ки чун вай ҳунари ҷаҳонгир дорад, пас бояд беҳад ғановатманд ҳам бошад ва хонааш пур аз тиллову ҷавоҳире. Тиллову ҷавоҳир доштан хоса дар замони шуравӣ бузургтарин гуноҳу ҷурм ба ҳисоб мерафта, ки барои ин на танҳо аз вазифаю мартаба меронданд, балки ба ҳабс мекашиданд (яъне барои ҷамъ овардани боигарӣ, ки шуравиён ҳамчу«мардуми бе сармоя» машҳур буда ва аз ин ифтихорҳам дошта.
Ҷурабек ҳайрон мешуд, ки ин овозаро чӣ тур андохтаанд ва ҳатто замурае аз онҳое, ки эътиқодмандаш буда, тиллову чавоҳири ниҳон доштани варо ба ҳамдигар нақл мекарда, ки боиси бештар паҳн шудани овоза мегардида, («дӯстони нодоне ё ғаразманде») ва онҳо ҳатто сухани инкор намегӯфта, ки мумкин ба Ҷурабек тӯҳмат шуда.
Ва чунин овозаҳо буду овоза.
Ана, дар ниҳоят, аз идораҳои тафтишиву қудратӣ омада буданд то аз хонаи вай – дар квартира мезист мисли дигар мардуми шуравӣ, яъне дар қабати аз ҳама болоибинои чорошёна ва ҳавлие ҳам надошт ва боғчасаро ҳамнадошт он замон ин ҳунарпешаи машҳури иттифоқи шӯравӣ… (Дар квартираҳои муқарраи шӯравӣумрашро идома медод)..
Аз ин квартираи ошёнаи боло ба ҷуз нотаи (анвори) сурудаҳо ва лентаи овози ҳунарпешагони оламу лентаи овозҳои худашва китобҳои вобастаи мусиқиву шашмақом боз асбобҳои мусиқӣ, ки бештарашон тӯҳфакарда аз кишварҳои дигар буда, масалан сетори ҳинду, ки Радж Капур ҳадяаш карда, дигар асбобҳои мусиқавӣ, ки дигар бузургмардони олам ҳадяаш карда, дигар чизе наёфтанд кобандагон аз идораҳои қудрати он вақтаи Шуравӣ.
Балки огаҳон мӯътақиданд, бале огаҳон мӯътақиданд, кикони тиллои азим ҳам ёфта буданд он рӯзҳо, ки пеш ин ҳадашро надида ва наёфта.
Бале чунин шуда.
Ин бозёфт ва ин кони тилло худи Ҷурабек буд ва ҳақиқатҳои асли ӯ ва ҳунару санъату хоксориву фурутаниву одамгариву истеъдоди вай буд, ки бори дигар бо ҷиллоҳои дигар ба назар расида дар чунин вазъ.
Бале боигарие, ки Ҷурабек дошт худи Ҷурабек буд ва ҳунару истеъдоду фидокории вай буд дар роҳи санъат…
Бале дарҳақи Ҷурабек туҳматҳои зиёд бофта буданд боз ва ҳатто сӯиқасдҳоеҳам анҷом доданӣ мешуданд ба ҷонаш. Ҳаттоқасди кушти вай карда буданд борҳо.
Ва боре барои паррондани ӯ даромаданд ва ба пешонааш таппонча гузоштанд.
Чун ба тасодуф маҷбур шуданд рӯ ба фирор биоваранд маълум шуда таппончаи онҳо \сохта буда, ки\ андарунаш тире надошта, вале хостаанд бо чунин тарсонидан дили Ҷурабекро кафонанд ва овоза бикунанд, ки «худаш мурдаасту касе ба ӯ кордор набуда ва озор надода ва захме ба танаш назада».
Барои он, ки ҷони Ҷурабекро амон бидиҳанд дар солҳои пурошӯби бесару сомонӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣазизоне варо се бор аз пойтахт гурезонданд, то ин тараф ё тарафи дигар вайро аз байн набарад.
Замони ҷангро истифода бурда баъзе ҳофизони ин тараф ё тарафи дигар низ «айн момнет» гуфта, варо аз байн бардоштан мехоста, ки шӯҳраташ онҳоро пахш накунад, ё варо канору дур кардан мехоста, ки медонистандҶурабек офтобе бошаду дурахшаш ва партаваш онҳоро хира мекунад ва дур буданаш боис мешавадхуди онҳо ба назар бирасанд.
Ҳанӯз ин бозиҳои пурпечро баъзе аз онҳо идома медиҳанд.
Душмандорӣ ва рақибдорӣ…
Русҳо ақидае доранд: бигӯ чи қадар душманат зиёд ман бигӯям ту он қадар зуру пурқудрате… Онҳое, ки душман надоранд заифанду кирои душмандорӣ накунанд.
Душмандорӣ ва рақибдорӣ…
Вале Ҷурабек дар ҳама ҳолат одам мондан мехост ва дар пояи адлу инсоф зиндагиро идома додан мехост ва ба ҳикмату ҳиммати собиқбудан мехост.Ҳатто вақте ки ба сараш тир меборид чунин будаву чунин мондае…
Вобастаи ин ва вобастаи бузургиҳои вай бузургтарин шоири қарни бистуми тоҷик Лоиқ Шералӣ оварда:
Қурбони он дилам, ки қурбони одам аст,
Ҷонамфидоиодаме, киҷони одам аст!
«Ашъори Рудаки бувад ашъори Ҷурабек» -таъкид карда буд Шерализодаи дигаре, яъне Мастон Шералӣ. Яъне вай шумораи афзуни сурудаю оҳангбастаҳоиҶурабекро дар назар дошта, ки мисли ашъори Рудаки фаровон ва зиёд бошанд.
Вобастаи ин дар ҳақи Ҷурабек бигӯем:
Ҷузиннагӯем, ки Рудакӣ гуфтааст,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!
Сиёсати Пешвои миллат дӯсти ҷавонашро ҳамеша дастгирӣ менамояд
Натиҷагирӣ чунин аст, ки Ҷурабек
фақат ба имруз не, балки ба фардо ва фардоиён низ марбут бошад ба амсоли Борбад ва Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Акашариф Ҷураев бузургони дигари созу наво, таронаву сурудаҳое.
Вобастаи ин бармегардем бори дигарба навиштаи Шераки Ориёндар ҳақи Ҷурабек Муродов:
«Ай бузургворо!
Моем, ки дар ин рӯз ва дар ин замона бимонем, сарҳади фардову ояндаро убур карда натвонем!
Туӣ, ки ҳарчанд ҷисмат — пайкарат дар ин замона ва ин даврон мемонад, вале рӯҳат, осорат, диловарию фидокориат аз сарҳади фардо мегузарад, онро убур мекунад. Туӣ, ки ба фардо ва барои ояндагон хоҳӣ расид.
Бо шарофати ту ояндагон ва фардоиён моро низ, ки дар замонаҳои гузашта мемонем, шинохтан бихоҳанд. Бо фаҳмидани ту моро фаҳмидан бихоҳанд. Бо дарк кардани ту моро дарк кардан бихоҳанд. Бо эътироф кардани ту моро эътироф кардан бихоҳанд.
Аз ин боис ту бузургӣ ва беҳамтоӣ, ай бузургворо!..»
Роздони Панҷрӯд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ