Ҳайати Тоҷикистон ба Маскав рафт
Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт барои анҷоми музокирот дар мавриди танзими парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия, озими Маскав шудааст. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба ин ҳайат намояндагони вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлия низ шомиланд ва дар ин гуфтугӯҳо ба ин ҳайат сафири Тоҷикистон дар Маскав, ҳамроҳ мешавад.
Ба гуфтаи вай, дар ин музокирот мушкилоти мавҷуда дар танзими парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуда ва ҷонибҳо талош хоҳанд кард ба баҳси наздик ба шашмоҳа, нуқта гузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ