Ҳайдар Ҷамол даргузашт
Ҳайдар Ҷамол, роҳбари Кумитаи исломии Русия дар сини 70 солагӣ даргузашт.
Бино ба иттилои саҳфаҳои расмии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оқои Ҷамол шаби гузашта ин дунёро падруд гуфтааст.
Ҳайдар Ҷамол 6 ноябри соли 1947 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Соли 1995 ӯ “Ҳаракати ҷамъиятии байниминтақавии Кумитаи исломӣ”-ро таъсис дод. Ӯ муаллифи шаш китоб буда, яке аз руҳониёни маъруфи Русия маҳсуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ