Айкидо – роҳ ба ҳамбастагии нерую рӯҳ (видео)
Чанде пеш дар маҷмааи варзишӣ-тандурустии «Тоҷварз»-и шаҳри Душанбе фестивали яккамуҳорибаҳои шарқӣ ба муносибати 20-солагии Федератсияи айкидои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи фестивал меҳмонон аз оҷонсии байналмилалии ҳамкории Ҷопон, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳо ҳузур доштанд.
Фестивали айкидо, ки ихтирои мутахассисони Ҷопон аст, бо маънои
томаш хеле шавқовару хотирмон ҷараён гирифт. Дар он
намояндагони мактабҳои айкидо аз тамоми ҷумҳурӣ, варзишгарони
сексияҳои варзишии ҷит кун до, каратэ, ушу фаъолона ширкат
варзиданд.
Намояндаи ҳар як мактаб мекӯшид, ки муҳорибаи намоишии худро бо техникаи баланд, зарбаҳои суфта ва усулҳои таъсирбахш иҷро намоянд. Онҳо исбот карданд, ки айкидо – ин роҳ ба ҳамбастагии неру ва рӯҳ мебошад. Бинобар ин, шамшерҳо дар болои сар ҳаворо бурида, муҳорибон хишту тахтаро ба мисли варақаҳои коғаз мешикастанд.
-Федератсияи айкидоро дар Тоҷикистон соли 1996 Абдулмуъмин Давлатов таъсис додааст, — мегӯяд президенти он Абдулазиз Шарипов. – Дар ин солҳо садҳо ҷавонону духтарон айкидоро дар сексияҳои манотиқи гуногуни кишвар аз мураббиҳо Ҷумъахон Абдуллоев, Абубакр Қурбонов, Амриддин Соҳибзода ва дигарон хуб омӯхтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ