Аёдати ҷавонони ятиму бемор дар Рӯзи иди ҷавонон

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 22 майи соли 2018 аз тарафи намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дидорбинӣ ва аҳволпурсии ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл, ҷавонони бемор ва ҷавонони камбизоат ба аёдат рафтанд.

Аёдати ин қишри ҷомеа дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз иқдомоти арзандаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин дидорбинӣ намояндагони Раёсат аз ҳолу аҳволи аҳли ҷомеа огоҳ гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаина ва тӯҳфаи Раиси вилояти Суғдро ҳадя намуданд.

 Ҳамзамон изҳор доштанд, ки ҷавонони кишвар ва умуман, ҳамаи қишри ҷомеа дар зери таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор  доранд.

Роҳбари хадамоти матбуоти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд,

                                                                                                                   Норматов Шодмон. 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *