Аёдати маҳбусон мушкилтар гашт
Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи ошӯби пурқурбонии зиндони шаҳри Хуҷанд назорат аз иҷрои қонун ва тартибу интизомро дар муассисаҳои ислоҳии кишвар сахттар карданд.
Гулчеҳра, як сокини пойтахт маъмулан худаш ба аёдати бародарзодааш дар зиндони рақами яки пойтахт мерафт. Бародарзодаи Гулчеҳра ду сол пеш бо ҷурми куштор ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва бори аёдати ӯ дар зиндон бештар ба дӯши ин зан бор шудааст, чун, ба гуфтаи ӯ, оилаи бародару волидони бародарзодаи зиндониаш дар ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунанд ва на ҳамеша имкони дидор бо ӯро доранд.
Аммо бори охир масъулини зиндон ду ҳафта пеш дархости ӯро барои мулоқот бо бародарзодааш рад карда гуфтаанд, бояд ҳамакнун танҳо падар ё модари маҳбус биёянд.
“Пеш мерафтем, шиносномаро медиданд, номамонро менавиштанд ва медаромадем, вохӯрӣ мекардем. Ҳозир ду бор аст меравем, мегӯянд, «барои амма, хола, писари амма даромадан мумкин нест». Ман мегӯям, «охир мо меомадем, медаромадем». Мегӯянд, ҳоло шароитҳо дигар шудааст», — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи хонум Гулчеҳра, дар баробари ӯ ба наздикони ду маҳкумшудаи дигар ҳам, ки яке мехост бо бародари худ дидорбинӣ кунад, иҷозаи мулоқот надоданд. Сабаби манъ шудани мулоқоти онҳо бо пайвандонашонро масъулини зиндон «талаботи қонун» гуфтанд.
Масъулини зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар муқаррароти мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон ягон тағйирот сурат нагирифтааст ва танҳо хешовандони наздик тибқи рӯйхат барои мулоқоти рӯбарӯ иҷозат доранд.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия рӯзи 3-юми январ гуфт, қаблан ҳам тибқи қоида танҳо ба онҳое иҷоза дода мешуд, ки исмашон дар парвандаи маҳкумшуда оварда шудааст.
“Талаботи қонун дигар нашудааст. Рӯшан муқаррар шудааст ва дар доираи он, дар парвандаи шахсии маҳкумшуда хешу табори наздики ӯ, ки ҳаққи аёдатро доранд, дарҷ шудааст ва онҳо бе ягон монеа омада медароянд ва хабар мегиранд”, — изҳор дошт вай.
Сахттар шудани назорат аз иҷрои талаботи қонун дар бораи кору низоми зиндонҳоро бархе нозирони маҳбасҳо ҳам тасдиқ карданд. Масъулини зиндони Бохтар низ гуфтанд, ҳоло назорат аз кори зиндонҳо сахттар шудааст.
Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад. Дар натиҷа, ду зиндонбон ва 23 зиндонӣ кушта шуданд.
Дар шарҳи расмии мақомоти тоҷик гуфта шуд, ки ошӯб дар паи талоши фирори зиндониҳо – аксар маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва террористӣ сар зад.
Таҳқиқи ҳодисаро додситонии кулли Тоҷикистон шурӯъ кард ва дар чанд ҳафта баъди ин раҳбарияти низоми маҳбасҳо тағйир ёфт. Ҳоло аксар мақомот мегӯянд, ки ҳама гуна тағйирот ба хотири тақвияти риояи қонун анҷом мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ