Аёдати собиқадорони соҳаи матбуот дар Суғд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик масъулини вилояти Суғд аз ҳоли собиқадорони соҳа хабар гирифтанд.

Муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода зимни дидорбинӣ бо собиқ корманди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мазбут Воҳидов, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Геннадий Набиев, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Солеҳа Олимова, собиқ корманди Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд Муҳаббат Мирсаидова онҳоро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуд.

“Таъкид гардид, ки саҳм ва нақши кормандони воситаҳои ахбори омма дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, хизматҳои собиқадорони меҳнат ҳамеша қадр карда мешавад.

Ба собиқадорони соҳаи матбуот кумакпулии яквақтаинаи роҳбари вилоят расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 67 нафар корманди собиқадори воситаҳои ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image