Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ: Суҳбати ман бо Шавкат Мирзиёев кӯтоҳ буд

 

Шоири шинохта, олими варзида, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Ӯзбекистон  Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ чандест, ки дар Тоҷикистон қарор дорад. Эшон дар баробари фаъолияти адабӣ, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии натанҳо Самарқанд, балки тамоми форсизабонони ҷаҳон ба шумор меравад. Хонандаи огоҳ медонад, ки  Ҳаёт Неъмат  талошҳои зиёде дорад, ки муносиботи фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёбад ва монеоти марзи ду кишвар бардошта шавад.

Муносибати Ӯзбекистону Тоҷикистон дар оянда чӣ тавр сурат хоҳад гирифт? Вазъи тоҷикони он сӯйи марз чӣ гуна аст? Забону адаби тоҷикӣ дар гавҳораи тамаддуни инсоният – Самарқанду Бухоро чӣ ҳол дорад?    Ин ва дигар мавзӯъҳое буданд, ки Ҳаёт Неъмат бо хабарнигори “Тоҷикистон”мавриди гуфтугӯй қарор дод.

— Ба Тоҷикистон хуш омадед. Беҳтар мебуд, ки суҳбатамонро аз вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз кунем. Шумо чӣ андеша доред:  баъд аз фоҷеаи бар сари мардуми Ӯзбекистон омада — марги Ислом Каримов дар муносибати миёни ин ду кишвар дигаргуние мешавад? 

—  Инро вақт нишон медиҳад.  Шавкат Мирамонович  идомадиҳандаи кори Ислом Каримов аст, аммо бояд дигаргуниҳо сурат гиранд.  Ман ба сиёсат кор надорам, як марди фарҳангиям. Аммо бисёр мехостам, ки низоми раводид (виза) миёни ин ду кишварҳо бардошта шавад. Албатта, садо аз ду даст меояд, яъне сарони кишварҳо машварат кунанду ба хулосае оянд. Дар ин миён халқ бояд гирифтори азият нагардад. Сиёсатмадорон барои мардум ҳастанд, на мардум барои сиёсатмадорон. Теъдоди зиёди тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ӯзбекҳо  дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ин мардум ҳақ доранд, ки озодона ба мамлакатҳои якдигар бираванд ва пайвандонашоро бинанд. Дунё дигар шудааст, Аврупо сарҳадро миёни давлатҳо бардоштааст. Сарварони ду давлат ҳам бояд сари ин мавзӯъ фикр кунанд.

— Шумо  раиси Бунёди фарҳанги тоҷикони Самарқанд будед,  Шавкат Мирзиёев  (иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон) он даврон ҳокими Самарқанд буд. Шумо бо ӯ аз наздик шинос будед?

—  Он қадар шиноси наздик набудам. Соли 2004 рӯзе дар ҳуҷраи кориам менишастам, ки як нафар ба утоқам ворид шуд ва бо ҳаяҷон гуфт, ки ҳокими вилоят меояд. Ман аз ташрифи ногаҳонии чунин меҳмон сахт дар ҳайрат афтодам. Ҳамин тавр, меҳмон вориди ҳуҷра шуду бо ман гарм вохӯрӣ кард. Ман ба ӯ даъвати нишастан кардам ва пурсидам:

— Шавкат Мирамонович, тинҷист, ки ба дидори мо омадед?

— Устод, ба ман як дуои хайр диҳед, — гуфт ӯ.

Шӯхиомез гуфтам, ки  дуо дар масҷиди «Имом Бухорӣ» медиҳанд, шумо бошед, назди ман омадед.

— Ба шумо эътиқоду  эҳтиром дорам ва ба ин хотир омадам, — гуфт бо ҷиддият .

— Замоне, ки ҳама дар муқобили ман ҳастанд, шумо ин суханонро мегӯед? — пурсидам бо тааҷҷуб.

— Ба дигарон кор надорам, шуморо медонам,  — гуфт дар ҷавоб.

Аз эҳтироми Шавкат Мирамонович ман дар ҳайрат монда, ба ӯ дуои хайр додам. Вақти хестан ӯ гуфт:

— Маро калон (Ислом Каримовро дар назар дошт), боло, назди худ хонданд. Иншооллоҳ, корро он ҷо идома медиҳем.

Суҳбат мо кӯтоҳ буд. Ман ҳам ба ӯ барор хостам. Баъди як рӯз Шавкат Мирзиёев сарвазири Ӯзбекистон таъин шуд.

— Муносибати шумо бо Шавкат Мирзиёев баъдан ҳам идома ёфт?

— Не, гарчанде ӯ гуфта буд, ки ҳамеша, бо кадом масъалае, ки бошад, ба ман муроҷиат кунам…Чун ман ҳеҷ гоҳ аз касе кумак намепурсам ва тамаъ намеҷӯям. Соли 1991 Ислом Каримов низ ба ман ваъдаи ҳамкорӣ карда буд, аммо роҳи маро ба назди ӯ бастанд…

— Аҷиб, чӣ сабаб шуд, ки роҳи шуморо ба назди ӯ бастанд?

— Сабабашро баъдан фаҳмидам. Собиқ раиси Кумитаи амнияти Ӯзбекистон Ҷумъабек Раҷабович Муртазоев, ки худаш тоҷики бухороӣ буду ҳазорон мисраъ аз ғазалиёти Ҳофизу Саъдиву Мавлавӣ азёд медонист, дар як нишаст ба ман ёдрас кард, ки шумо як сухани нодуруст гуфтед. Он  ба Ислом Каримов маъқул нашуд.

— Чӣ сухан буд?

— Гуфтам, ки эътимод надорам, ки Ислом Каримов мустақил Ӯзбекистонро идора карда тавонад, зеро ӯ раиси Госплани Ӯзбекистон буд, аммо мустақил набуд, ӯ вазири молия буд, мустақил набуд, Котиби аввали ҳизби коммунист буд,  боз ҳам мутсақил набуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ мустақил маблағ ҷудо намекард, қонун қабул намекард, давлатро мустақил идора намекард. Гарчанде ки ӯ дар ҳар як соҳа шахси аввал буд, аммо ҳама чизро аз боло ба ӯ мефармуданд. Шояд ин ҳарфи маро ба тарзи дигар ба ӯ фаҳмонида бошанд. Чун рӯз рӯшан аст, ки идоракунӣ аз ҷониби Кремл сурат мегирифт. Аз ҳамин ҳарф ранҷида, атрофиён маро аз ҳукумат дур карданд. Атрофиён ҳамеша тамаллуқкоранд. Ба хотири манфиатҳои худашон гӯрро месӯзонанду дегро меҷӯшонанд.

(Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»)

Мусоҳиб:

Одили НОЗИР,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *