Аёз Ниёзӣ руҳонии саршиноси Афғонистон кушта шуд (аксҳо)

Аёз Ниёзӣ, хатиби масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон ва яке аз руҳониёни саршиноси Афғонистон, дар як таркиш баҳалокат расид. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, Ниёзӣ дар таркиши шоми 2-юми июн бар асари ҷароҳате, ки бардошт, ҷон бохт. Таркиш дар масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон рух дод.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон бо судури эъломия таркиш дар масҷидро маҳкум кард. Дар эъломия ба нақл аз раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфта шудааст: «Ҳамлаҳои террористӣ бар масоҷиду шифохонаҳо ва афроди мулкӣ ҷинояти ҷангӣ аст».

Толибон даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунанд. Масъулияти ҳамларо то ҳанӯз гуруҳи дигаре ба уҳда нагирифтааст.

Шаҳри Кобул дар ин авохир шоҳиди афзоиш ёфтани таркишҳо будааст. Дар яке аз ин инфиҷорҳо дар ҳафтаи гузашта мошини кормандони телевизиони хусусии «Хуршед» ҳадаф қарор гирифт. Дар он ҳодиса ду нафар кушта, шаш каси дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ ба дӯш гирифт.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *