“Ғайрирасмиҳои” Бадахшон дар кучаҳои Душанбе чӣ меҷӯянд?

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳузури раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Ӯ гуфтааст, ки «ҳадафи асосии сафари онҳо ошноӣ бо вазъи пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар аст.»Бино ба иттилои дарёфтӣ, Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов рӯзи шанбеи 27-уми октябр аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд.Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки даҳҳо ҷавон барои ошноӣ бо вазъи пойтахт аз Бадахшон ба Душанбе омадаанд. Онҳо аз Осорхонаи миллӣ ва, инчунин, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва боғҳои Фирдавсиву Айнӣ дидан кардаанд.Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон гуфтааст,ки мақсади ба Душанбе бурдани онҳо ҳамнишинӣ бо ҷавонону ҳамсолонашон аз минтақаҳои дигари кишвар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *