Қаюмова: Писарам аввал ба Сурия рафту баъд зери хоки сард

Сӯҳбат бо Дилбар Қаюмова, модари марҳум Мирзозариф Қаюмов Мирзошарифович, ҷавони 29-солае, ки 20 октябри соли  гузашта барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаю амалиётҳои ҷангӣ ва пайвастан ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломиии Ироқу Шом” бо қарори ҳукми суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба мӯҳлати 14-сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

  Вале паси панҷара рафтан барои ин ҷавон дарси ибрат нашуда, Мирзозариф Қабмов  ва ду маҳбуси дигар (Ҳабибҷон Юсуфов, Рамзуллохон Дадохонов)  шаби 17 ба 18 июни соли 2016 муассисаи ислоҳӣ рақами 3/3-и Хуҷанд ҳаракати фиор намуданропеш гирифта, дар байни се нафар фирори аз маҳбас (Ҳабибҷон Юсуфов, Рамзуллохон Дадохонов ва Мирзозариф Қаюмов) Қаюмов кушта шуд.

Мақомоти Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд дар хабари расмияш  дар бораи фирори ин маҳбусон, рӯзи 18 июни соли гузашта эълон карданд, ки “онҳо қасди ҳамроҳ шудан ба “Давлати исломӣ”-ро доштанд ва дар задухӯрд бо кормандони турмахона Мирзозариф Қаюмов кушта шуд”.

Қаюмов Мирзозариф

Аслан номбурда пеш аз он ки ба зарухӯрдҳои мусаллаҳона пайвандад, ба Федератсияи Руссия рафта буд. Аз ин хостем шарҳи ба Руссия рафтану аз он ҷо ба Сурия пайвастани як ҷавони раҳгумзадаро аз забони модари ӯ инъикос намоем:

-Писаратон кай ба Русия рафта буд?

-Писарам аз соли 2010-2012 инҷониб ҳар сол ба Русия мерафт. Худаш дар асл соҳиби маълумоти олӣ буд. Ихтисосаш андозва андозбандист. Пас аз он ки оилааш вайрон шуд ӯ ба ғурбатҳои оилавӣ  тоб оварда натавониста на аз рӯйи хоҳиш, балки аз рӯйи  маҷбурӣ дар Русия сукунатро интихоб кард. Ман надонам дар дили ӯ чӣ гуна дарду аламҳо нуҳуфтааст. Мардак ки аст дардашро ба ҳар кас намегӯяду дарун-дарун ғам мехӯрад. Шояд раҳгумзаданҳои ӯро низ сабаб ғаму ғурбати оилавияш буд?

-Модоме ки фарзандатон соҳиби маълумоти олӣ буд, чаро дар ҳамин шаҳр фаъолият накарда муҳоҷиратро ихтиёр кард?

Аз рӯйи ихтисоси хатмкардааш кор карда натавонист. Баъдан ӯро дар ширкати Тселл ба кор мондем. Дар ин ширкат писарам муддати ду сол кор кард. Чун ба натиҷае расид, ки бо ин ҳолу аҳвол зиндагӣ кардан душвор рӯ ба муҳоҷират овард. Аз лиҳози оилавайронияш умуман хоҳиши дар инҷо истоданро надошт.

-Ба оилавайронии писаратон Мирзозариф 3-4 сол гузашт. Дар ин муддат ӯ дубора оиладор нашуд?

-Писарам ҳангоме, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард ба туркзане шинос шудаву оиладор гардида буд. Бо ҳамсараш гоҳ дар Русия ва гоҳоҳ дар Туркия зиндагӣ мекарданд.

-Шумо ҷое аз соддагии писаратон ҳарф задед. Аниқтараш шиква кардед. Сабаб дар чист?

-Писарони ман соддаву ростқавланд. Хусусан ҳамин писари маҳкумам. Зеро ҳангоми раҳоӣ аз ҷаҳаннам (ҷангу мубориза дар Сурия) ӯ раҳораҳ тамоми арзи дилашро ба нафаре, ки депортшудагонро ба ҳавопаймо раҳбаладӣ мекунад гуфтаву ба чунин бало мубтало гашт. Аслан писарам нияти иштирок дар муҳобира надошт. Зеро ман модарам ва хуб медонам, ки фарзанди ман чӣ гуна нақша-ниятҳо дораду чӣ кор карда истодааст. Аслан ман ба онҳо ҳам модар ва ҳам падар будам. Аз ин рӯ бештару бештар аз дигар модарон шояд донам, ки дар тафаккури фарзандонам чиҳо ҷойгир аст. Вақте илоҷе карда писарам аз Сурия наҷот меёбад ба раҳбалад мегӯяд, ки ба сари ман чунин ҳадисаҳо омад. Маро маҷбуран ба Сурия бурданд. Шукр ки аз он ҷо халос хӯрдам. Агар чунин розгӯиҳои писарам намешуд ба ин дараҷа намерасидем. Зеро пеш аз баргаштанаш ба ватан тамос гирифта санаву соати фурудоияшро ба бародараш гуфта буд. Аммо мутаассифона дар фурудгоҳ ӯро на мо, балки кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешвоз гирифтанд. Аниқтараш бурданд.

-Хабари ба Сурия рафтани писаратон кай ва аз кӣ шунидед?

-Кадом сана буданашро дақиқ гуфта наметавонам. Аммо моҳи окятбр аз шӯъбаи шашум ба ман занг зада гуфтанд, ки ба ту писар даркор аст ё не? Ман аз ин саволи онҳо ҳайрон шудам. То ба онҷо чӣ хел рафтанам танҳо худам медонаму Худованд. Вақте ба шӯъбаи шашум рафтам, дидам, ки писарам онҷо ба ранги зардидаву канда қарор дорад. Ман то он даме, ки ҳукми суди писарам эълон нагашт тамоман нафаҳмидам, ки ӯро ба кадом хотир ба шӯъбаи шашум овардаанд. Дар он ҷо танҳо як гапи фарзандамро такрор ба такрор мешунидам:

-Ман ҳеҷ гоҳ ба ватанам хиёнат накардаам. Ман худам худро ба дасти милисаҳои турк супурдам, ки маро депорт кунанду ба Тоҷикистони худам интиқол диҳанд. Ба номи Худо қасам, ки то ин дам ягон нафарро накуштаам. Ман нияти ҷиҳод надоштам.

-Вақтҳои охир дар писаратон ягон тағйироти куллӣ мушоҳида мешуд?

-Не. Дар маҷмӯъ ягон тағйироти куллӣ дар писарам ба мушоҳида намерасид. Аммо бори ғурбати оилавайронӣ ӯро хонабезор карда буд. Аз соли 2010 боз ӯ пайваста роҳи муҳоҷиратро пеша кард. Аммо дар ягон рафтору гуфтори ӯ дигаргунӣ ба ҷуз он ки ҷаҳонбинияш каме васеътар шудааст, ба назар намерасид.

-Писаратон замони дар кишвар будан намоз мехонд?

-Не. Баъди ба Русия рафтанаш намозхон шуд, аниқтараш баъди зани турк хонадор шудан. Дар ҳамин замина дар варақаи ҳукми Қаюмов зикр шудааст:- Қаюмов дар давоми кор намозро дар масҷиди “Поклонная гора” адо намудааст. Ӯ дар масҷиди номбурда бо нафарони шахсияташон ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ номаълум, сокинони Ҷумҳурии Доғистон бо номи Ҷамолиддинва нафари миллати тотор Руслан шинос шуда, якҷоя номбурдагон намозро дар масҷиди “Новокузнетская” воқеъ дар кӯчаи “Большая Тотарская” адо намудааст.

-Пеш аз он ки писаратон ба ватан баргардад ба Шумо занг зад?

-Бале. Ӯ ба бародараш занг зада фаҳмонд, ки ӯро депорт кардаанд. Ба ман 300 доллар фиристед. Мо паёпай  ин маблағро пайдо карда ирсол намудем. Он маблағро гирифта роҳкиро кард.

-Барои дифои писаратон адвокат нагирифа будед?

Адвокат гирифтанӣ будем. Ба як нафар адвокат пеш аз ҳукми суди писарам муроҷиат карда будем, аммо ӯ бар ивази хидматаш 1200 доллар талаб кард, ки мо ин миқдор маблағро надоштем. Кош писарамро сафед мекарду агар гуфтаи ӯ воқеан рост буда бегуноҳияш исботи худро меёфт имрӯз ҷавонмарг намешуд. Барои ман ғӯрамаргии ду фарзандам то охири умр кифоя буд. Ин сеюм ғамам, ки маро аз пойи равон афтонд.

                                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *