«Ҳайвонай» Ё чаро «Комо» сарояндаҳоро ба ҳайвон баробар кард?

  Инак тӯли чанд рӯз аст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ акси муқоваи диски сурудҳои ҷамъшудаи сарояндаҳои тоҷик дар шакли «сборник» бо зерунвони « Ҳайвонай» аз студияи фиттабарории «Комо» мавриди баҳси шадиде қарор гирифт. Зеро аксаран бар он назаранд, ки ин худсарии «Комо» аз он шаҳодат медиҳад, ки сарони он сарояндаҳои машҳурро ба ҳайвон монанду баробар кардаанд. Болотар аз ин бештари истифодабарандагон аз «ба лаб кулӯх молида хап нишастан»- и сарояндаҳо изҳори нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки агар сарояндаҳо ҳамин хел хап нишастан гирад, пагоҳ ин студияҳо «навбаромад» сабти ҷойгаҳи хобашонро низ бо зерунвонии «Харшай» ба бозорҳо мебарорад.

 Ин баҳсҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки соле пеш  Ҳабиб Ҳакимов баҳси шадидеро дар Вао бобати «хари бадай» навиштани истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ намуда, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки «Ман сурудҳоямро дар зоопарк омода намесозам, ки онҳоро «хар» гӯянд! Агар ин калимаро ин қадар дӯст медоранд, бигзор ин номро ба модару хоҳар, бародар ва наздикони худ лоиқ бинанд!».

Ҷонибек Муродов- сарояндаи дигари точик бошад, бар он назар аст, ки бояд ҳуқуқи муаллифи дар Тоҷикистон ҷиддан амал намояд, зеро аз боиси ин қонунро ҷиддӣ қабул накардани омма пирратҳо истифода намуда, сабтҳои бесифатро ба бозор мебароранд, ки боиси иснод овардан ба номи сарояндаи машҳуре мегардад.

Садриддин Наҷмиддин- сарояндаи дигар тоҷик низ дар як сӯҳбати ихтисосие бо хабарнигори «Tajikistantimes.tj» гуфта буд, ки «Агар ҳуқуқи муаллифӣ ҳимоя мешуд, барои сарояндаҳо хеле осон ва хуб мешуд. Зеро бо ин васила эшон метавонистанд, ки андак ҳам бошад аз клипҳою сурудҳои омода намудаашон фоида бинанд. Чун алорағми дигар давлатҳои тараққикарда, ки аз ҳисоби клипҳо сарояндаҳо миллионер мешаванд, дар мо манбаи ягонаи даромади сарояндаҳо тӯйҳои мардум аст, ки он ҳам бошад ба асари бӯҳрони иқтисодӣ кам гардидааст. Бад- ин минвол сарояндаи бечора ҳайрон аст, ки аз ҳисоби даромади аз тӯйҳои мардум ба даст омадааш зиндагияшро пеш барад, зану фарзандашро хӯронад, андози давлатро супорад ё клип сабт намояд».

Мо аз чанд нуқтаҳои фиттафурӯшӣ махсусан сабтҳои студияи «Комо»- ро пурсон шудем, то ин ки аз он муқоваҳо рақамҳои ин студияро дарёфт кунем. Аммо дар ягоне аз онҳо на суроғаи аниқ на шумораи телефоне навишта нашуда буд, худи фурӯшандагони дӯкончаҳои фитафурӯшӣ бошанд мегӯянд, ки фиттаҳояшонро аз бозори Корвон дар шакли «Оптом» харидорӣ мекунанд, бинобар ҳамин ҳам намедонанд, ки соҳиб ё худ «раис»- и студияи фиттабарории «Комо» кист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *