Аз ҷиноятҳои фаромарзӣ то телефондуздӣ

дар суҳбати вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо рӯзноманигорон

Фишурдаи пурсишу посух

— Ҷаноби вазир, қазияи аз ҷониби донишҷӯ корд задани декани факултети Донишгоҳи технологӣ чи гуна сурат гирифт? Онро метавонед шарҳ диҳед?

—  Ин амали ҷиноӣ пайомади бадахлоқӣ, сатҳи пасти маърифат ва хунукназарӣ аз ҷониби волидон аст. Донишҷӯе, ки ҷиноят содир кард, дарсгурезӣ мекард, ба сухани устодон эътибор намедод, нисбати онҳо беэҳтиромӣ зоҳир мекард. Декани факулта  наметавонист ба чунин муносибати донишҷӯ бетараф бошад ва падарашро барои суҳбат даъват менамояд. Аз ин амали декан донишҷӯй ба қаҳр омада, ӯро корд мезанад.

-Дар мавриди суиқасд ба блогери тоҷик “Борода” ВКД ягон маълумот доред?

— Музаффар Бобораҳматов  ё “Борода” блогери тоҷик аст, ки дар Олмон муҳоҷират дорад. Баъд аз бозгашт аз ватан аз дастовардҳои Тоҷикистон, зебоии шаҳри Душанбе мавод омода сохта, дар саҳифаи интернетиаш ҷой мекунад. Як  гурӯҳ аз мухолифон, ки марбут ба ҲНИ буданд, ба ӯ суиқасд мекунанд ва ҳадафи тир қарор медиҳанд.  

Ӯ захмӣ шудааст ва се нафар дар ин қазия гунаҳгоранд. Нисбати ин амал полиси Олмон парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

— Муҳтарам вазир,  дар соли 2020 ҷаримаи аз “Шаҳри бехатар” бадастомада ба кадом миқдор аст?

— Дар ин сол миқдори ҷаримаи “Шаҳри бехатар” 27 миллион сомониро ташкил кард, ки аз ин 600 ҳазораш аз соли пешина буд. Аз ҳама бештар ронандаи “Мерседес”, рақами қайди давлатиаш 00 96 ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст, ки маблағи ҷаримаи ӯ 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

— Кормандони мақомоти милитсия мегӯянд, ки онҳоро навор гирифтан мувофиқи қонун манъ аст. Оё ин ҳақиқат дорад?

— Дар ин маврид ягон қонуни манъкунанда нест.

-Ислоҳоти милитсия кай ба охир мерасад?

-Ин кори якрӯзаю дурӯза нест. Ислоҳот дар сохторҳои милиса идома дорад…

-Парванда нисбат ба Хӯҷа Каримов дар кадом ҳолат аст?

-Хӯҷа Каримов ба 20 куштор айбдор дониста мешавад, ҳамчунин, нисбат ба гаравгонгирӣ ва чанд ҷинояти дигари ӯ тафтишот идома дорад, ки ба парвандаи ӯ баъд аз тафтишот илова карда мешаванд. Бо поён ёфтани тафтишот ин қазияро шарҳ хоҳем дод.

-Сабаби сӯхтор дар бозори «Султони Кабир” муайян карда шуд?

-Бале, ҳоло ду нафар барои беэътиноӣ дар мавриди истифодаи нодурусти барқ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

-Тибқи маълумотҳои соли гузашта аз ҷониби ВКД як амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст. Бигӯед, ки ин амал дар куҷо бояд сурат мегирифт ва он ба муқобили кӣ равона шуда буд?

-Амали террористиро гурӯҳи Давлати исломӣ тарҳрезӣ ва ба муқобили кормандони ШКД-и Шаҳринав равона карда буд. Ҳоло як нафар боздошт ва бо ҳукми суд равонаи зиндон гардидааст.

-Марги корманди ВКД дар ноҳияи Панҷро метавонед шарҳ диҳед? Ақрабои марҳум мегӯянд, ки дар вақти рух додани ин ҳодиса камераҳои назоратии хонаи яроқсупорӣ кор намекардааст. То кадом андоза ин суханон асос доранд?

— Нисбати ин ҳодиса прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Аммо воқеият он аст, ки ин ҳодиса бар асари беэҳтиётӣ рух додааст. Хулосаи тафтишот ба ин овозаҳо нуқта мегузорад.

-Оё имкон дорад, ки дар пиёдагузарҳо камераҳои назоратӣ насб карда шаванд?

-Ҳоло дар гузарогоҳҳои зеразиминӣ камера насб шуда истодааст ва ин ин кор марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.

-Муҳтарам вазир, дуздӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд шудааст ва  хусусан дуздии телефонҳои мобилӣ. Аммо муроҷиат ба  кормандони милиса на ҳама вақт натиҷа медиҳад. Оё нисбати ин ҳодисаҳо чораҳои иловагӣ дида мешаванд?

-Воқеан, шумораи ҷиноятҳои вобаста ба дуздӣ дар ҷумҳурӣ бештар гардидааст. ВКД дар ин самт ҷиддӣ кор мебарад. Аммо шаҳрвандонро лозим аст, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳодисаҳо ба милиса муроҷиат кунед.Мо телефонҳои зиёди боварӣ дорем ва онҳо ба ҳар як арзи шаҳрвандон гӯш медиҳанд.

Таҳияи А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *