Аз Қӯқанд то Ашт. Пайроҳаи зиндагии як табиби музофотӣ
Ӯ нахустин табиби амрози занона дар ноҳияи Ашт буд. Пас аз 7 соли таҳсил дар Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки бештар ба мардуми кӯҳистон кушиши зиёд ба харҷ додааст.
Курбанова Махсуда беш аз 30 сол аст, ки дар ноҳияи Ашт ба ҳайси момодоя фаъолият мекунад. Ӯ мутаваллиди соли 1942 дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Узбекистон аст.
Дар пайроҳаи орзу
Азбаски волидони қаҳрамони мо дар шаҳри Қӯқанд зиндагӣ мекарданд, Курбанова Махсуда дар ҳамсоякишварамон таваллуд шуда, хатту савод меомӯзад. Гарчанде бародаронаш мехостанд, ки дар Тошкент маълумоти олӣ бигирад, вале Махсуда барои таҳсил Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро интихоб мекунад. Танҳо қисмат медонист, ки Махсудаи хурдакак баъди ба камолот расидан момодоя мешавад ва дар мулки ҳамсоя кору фаъолиятро оғоз менамояд.
Тақдир ба куҷоҳое намебарад…
Пас аз хатми донишгоҳ дархост меояд, ки дар ноҳияи Ашт табиби амрози занона намерасад. Аз ин рӯ, Махсударо ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт барои кор равон мекунанд.
“Дар аввал намехостам дар як ноҳияи хурд фаъолиятро оғоз намоям, вале замоне, ки ба ман гуфтанд дар онҷо чандин кӯдакони навзод фавтидаанду чандин занҳои деҳаҳои атрофи ноҳия ҳангоми таваллуд сари фарзанд рафтаанд, фикри ман дигар шуд.”
Махсуда мегӯяд гарчанде орзуҳояш бузург буданд, вале муҳаббат ба касбаш ӯро водор сохт то дур аз хонаводааш ба кор машғул шавад.
Оғози фаъолияти худро соли 1965 аз бемористони марказии ноҳия оғоз карда, то соли 1994 ба ҳайси мудири кафедра ба мардум хизмат намудааст.
Обрӯ аз оби ҷӯ намеояд
Қаҳрамони мо нахустин момодояи касбӣ дар ноҳия буд ва аз рӯзҳои аввалини корӣ чунин лаҳзаҳоро дар ёд дорад:
“Дар он солҳо мардум зиёд ба духтур намерафтанд. Хусусан занҳои ҳомила ба саломатии худу фарзанди ояндаашон диққат намедоданд. Боре як зани ҳомила аз деҳаи дурдасти ноҳия бояд дар хона таваллуд мекардааст. Аммо ҳолаташ бад шуда, таваллуд карда наметавонад. Шавҳар ва волидонаш маҷбур мешаванд, ки занро ба маркази саломатӣ биёранд. Дар роҳи ноҳамвор мошин такон хӯрдан мегирад ва зан дар роҳ таваллуд мекунад, вале хунравияш ҳеҷ манъ намешавад. Занро дар ҳамин ҳолат ба бинои марказ медароранд. Хунравияш ҳамоно идома дошт.
Ба бахти модару кӯдак он шаб то дер навбатдор будам. Занро ба тезӣ қабул карда, дар курсии махсус хобонидам. Бечора дар ҳолате буд, ки дигар чизеро ҳис намекард. Чашмонаш кушода буд, аммо худаш карахт. Ман ҳушёриро аз даст надода, дарҳол аз гарданаи бачадон то берун чанд кӯк дӯхтам. Баъд дастпӯшҳоямро кашида, бачадонро хубтар муоина намудам. Хушбахтона, зан каме ба ҳуш омаду хунравӣ қатъ шуд. Бо ин роҳ модарро наҷот дода тавонистам. Беҳуда намегӯянд, ки “обрӯ аз оби ҷӯ намеояд”, барои ба муҳаббати беморон лоиқ шудан, меҳнати ҳалол бояд кард”, – нақл мекунад, момодоя.
Махсуда Курбанова дар тӯли фаъолияташ се маротиба вакили съезди занони Тоҷикистон ва инчунин, депутат дар ноҳияи Ашт таъин гардидааст. Ҳоло унвони “Ордени шарафи меҳнат” ва “Духтури шоистаи Тоҷикистон”-ро дорад.
Азоби роҳ
Курбанова Махсуда дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунад. Ӯ аз соли 2000 ба нафақа баромада, вале бо дархости зиёди мардум то соли 2014 дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт ҳамчун мудири шуьбаи амрози занона фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз таваллуд кунонидан ва табобат кардани хурду калон ҳеҷ гоҳ хаста намешудааст, балки азоби роҳ ранҷаш додааст.
“Солҳои аввали фаъолият қариб ҳамаи ҷамоатҳоро пиёда мегаштам. Деҳа ба деҳа мегаштаму ба модарон барои таваллуд карданашон кумак мекардам. Имрӯз, ки синну солам рафтааст, ёди ҳамон рӯзҳоро мекунам ва гоҳе ба худ мегӯям “ман модари серфарзандам!”
Дар интихоби бахт
Махсуда замоне ба ноҳияи Ашт меравад дар онҷо ба дилу дидаи мардум ҷо мешавад. Гарчанде ният дошт баъд аз чанд соли фаъолият ба зодгоҳаш баргардад, вале тақдир риштаи умри ӯро дар Шайдони ноҳияи Ашт мепайвандад. Қаҳрамони мо бо яке аз ҳамсабақони донишгоҳияш, ки ӯ низ дар ноҳия кору фаъолият мекардааст, оиладор мешавад. Ҳоло бошад, ин зани соҳибдавлат ҳафт фарзанд ва зиёда аз 20 набера дорад. Ӯ мегӯяд хушбахтӣ дар доштани оилаи солим ва фарзандони мӯъмин аст.
“Ҳафт фарзандро тарбия кардаму дар макотибҳои олӣ хонондам. Шукри Худо, ҳоло ҳамаашон соҳиби кору оила ҳастанд. Як духтар ва келинам идомадеҳи роҳи ман ҳастанд. Боз чандин набераҳоям низ нияти пеша намудани ин соҳаро доранд.”
Махсуда Курбанова имрӯзҳо давлати пирӣ меронанд. Ӯ мегӯяд, ки баъд аз кушода шудани роҳҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон барояш рафтуо осон шудааст. Акнун додару хоҳаронаш зуд-зуд ба дидорбинии ӯ меоянд.
Суман Убайдуллозода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ