Аз қарзҳои ипотекӣ то умедвории раиси БМТ
Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода гуфт, ки аз фаъолияти имрӯзаи низоми бонки исломӣ дар Тоҷикистон қаноатманд аст.
Ӯ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори «Тоҷикистон» изҳор дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон 1 бонк ва ду ташкилоти молиявии хурд ба шеваи хизматрасонии бонки исломӣ фаъолият мекунанд.
«Аз 36 миллион сомонии қаблан ҳоло хизматрасонӣ аз тарафи бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон 1,1 миллион сомонӣ ва пасандоз 30 фоиз зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаи хуб аст»,- изҳор дошт Ҳоким Холиқзода дар нишасти матбуотӣ.
Ҳоким Холиқзода дар мавриди пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ изҳор дошт, ки соли 2022 аз тарафи бонкҳои кишвар 250 миллион сомонӣ ба шаҳрвандон қарзҳои ипотекӣ дода шудааст.
Дар мавриди баланд будани фоизи қарзҳои ипотекӣ, раис гуфт, ки бонкҳо дар доираи имкониятҳои худ ба мизоҷон қарзи ипотекӣ медиҳанд. Ҳоким Холиқзода изҳори умедворӣ кард, ки оянда боз қарзҳои ипотекӣ бештар ва фоиз кам хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ