Аз 1 март қабули довталабон оғоз мешавад
Аз 1-уми март қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз гардида, то 30-юми апрел идома мекунад. Даври дуюм аз 1-уми июн, даври сеюм аз 3-юми сентябр, даври 4-ум аз 24-уми октябр оғоз меёбад.
Дар ин бора Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, хатмкунандагони синфи 11-ум 114 ҳазор нафар буда, синфи 9 ба 150 ҳазор нафар мерасад, ки аз солҳои гузашта зиёдтаранд. Ҳоло маблағи қабули довталабон ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ муайян нест, зеро он ба мақомоти дахлдор мувофиқа мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ