Аз 1-уми март қабули довталабон оғоз мешавад
Аз 1-уми март қабули ҳуҷаттҳои довталабон барои дохил шудан ба макотиби оливу миёнаи касбии Тоҷикистон оғоз мешавад.
Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон аз 1-уми март дар 43 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал хоҳанд кард.
Дар умум шумораи чунин марказҳо 47 ададро ташкил дода, дар онҳо 154 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин, дар 16 шаҳру навоҳии дигари кишвар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ амал менамоянд.
Ҳамчунин, Маркази миллии тестӣ эълон кард, ки бо мақсади қаблан номнавис шудани довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар хидматрасонии “Пешномнависӣ”-ро ба роҳ мондааст.
«Хизматрасонии мазкур имсол низ аз 24-уми феврал дар сомонаи Марказ фаъол мегардад, ки довталабон ба воситаи он метавонанд худро тибқи талаботи пешбинигардида аз тариқи онлайн пешакӣ ба қайд гиранд», — омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки пешномнависӣ барои осон кардани раванди бақайдгирии довталабон ва сарфа кардани вақти онҳо пешбинӣ намудааст.
Довталабро лозим аст, ки баъди номнавис шудан тавассути ин хидматрасонӣ барои расман аз қайд гузаштан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ