Аз 14 то 17-уми сентябр ба Самарқанд ворид нашавед! Чорабинии муҳими сиёсӣ аст
Воридшавӣ ба Самарқанд, ки онҷо нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад, рӯзҳои 14-17-уми сентябр маҳдуд мешавад. Дар ин бора мақомоти шаҳри Самарқанд хабар додаанд.
Рӯзҳои 15-16 сентябр Самарқанд мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
— Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз онҳое, ки рӯзҳои 14, 15, 16 ва 17-уми сентябр ба Самарқанд омаданиянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сафари худро ба давраи дигар гузаронанд. Зеро дар ин рӯзҳо вуруд ба шаҳри Самарқанд маҳдуд хоҳад шуд,- гуфта мешавад дар иттилоия.
Ба гуфтаи мақомот, дар робита ба баргузории ҳамоиш аз 14 то 17-уми сентябр роҳҳои даромадгоҳ ба Самарқанд ва ҳамчунин қисме аз роҳҳои дохили шаҳр барои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд.
— Ба сифати истисно, ҳаракат дар кӯчаҳое, ки ҳаракати нақлиёт маҳдуд аст, барои шахсони ниёзманд ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони хадамоти таъҷилӣ иҷозат дода мешавад,- меафзояд хадамоти иттилоотӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ