Аз 21 то 30. Думаи Русия синни даъватро боло бурд
— Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани синни даъват ба артишро қабул кард,- хабар медиҳад Meduza.
Бар асоси ин санад, аз соли 2024 синни даъват ба артиш то 30-солагӣ расонида мешавад. Синну соли ҳадди ақал то соли 2026 тадриҷан аз 18 то 21-сола боло бурда мешавад.
Ҳамин тариқ, соли 2024 синни даъват аз 19 то 30-сола, дар соли 2025 аз 20 то 30-сола ва дар соли 2026 аз 21 то 30-сола мешавад, вале шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар артиш хидмат кунанд, метавонанд аз синни 18-солагӣ ба хидмати ҳарбӣ ворид шаванд.
Баланд бардоштани синни даъват дар чаҳорчӯби ислоҳоти артиш, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби вазири дифои Русия Сергей Шойгу пешниҳод шуда буд, ба расмият дароварда шудааст.
Ислоҳот аз ҷумла то 1,5 миллион нафар зиёд кардани шумораи хизматчиёни харбиро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ