Аз 3 то 5 рӯзи таътил дар рӯзҳои ид

Бо фармони президент Шавкат Мирзиёев, ба сокинони Узбекистон дар идҳои Соли нав, Наврӯз ва иди Истиқлол 5-рӯзӣ ва дар идҳои Рамазон ва Қурбон 3-рӯзӣ таътил дода мешавад. Таъмини шароити хубтар барои иду истироҳати мардум дар рӯзҳои ид ҳадафи асосии ин фармон ном бурда мешавад.

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 28 декабр фармон «Дар бораи таъйин кардани рӯзҳои иловагии таътил дар ҷараёни таҷлили идҳои расмӣ дар соли 20118”-ро имзо кард.

Дафтари матбуоти президент дар шарҳи ин фармон гуфт, ки ҳадаф аз ин тасмим таъмини шароити хубтар барои сокинон дар амри иду истироҳати комилдар ҷараёни таҷлили идҳои расмӣ ва истифода муносиби рӯзҳои таътил ва ид мебошад.

Ба ин далел, рӯзҳои маъмулии истироҳат бо рӯзҳои идҳои расмӣ ба ҳам оварда шуда, ба ин тартиб, ба сокинон имкони чанд рӯзи таътил дар рӯзҳои ид дода мешавад.

Бо фармони Мирзиёев сокинони Узбекистон имкон пайдо мекунанд, ки дар рӯзҳои идҳои Соли нав, Наврӯз ва иди Истиқлоли кишвар панҷрӯзӣ ва дар рӯзҳои идҳои мусалмонии Рамазон ва Қурбон серӯзӣ таътил бигиранд.

Ба ин тартиб, дар Узбекистон ба муносибати Соли нав 5 рӯз – 30 ва 31 декабр, ки ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд, сипас аз 1 то 3 январ иду истироҳат кунанд. Рӯзи 2 январ ҳамчун рӯзи таътили иловагӣ ва 3 январ ба ҷои 6 январ рӯзи истироҳат эълон шудаанд.

Ҳамин тавр, дар иди Наврӯз сокинони Узбекистон аз 18 то 22 март таътил хоҳанд дошт. Аз ин шумор 18 март рӯзи истироҳати маъмулӣ ва 19 март ба ҷои рӯзи истироҳати 17 март ва 22 март ба ҷои рӯзи истироҳати 24 март ба сокинон дода шуда, 21 март ҳамчун рӯзи иди расмии Наврӯз ва 20 март ҳамчун рӯзи таътили иловагӣ ба мардум дода мешавад.

Таҷлили иди Истиқлоли Узбекистон низ 5 рӯз – аз 31 август то 4 сентябр идома хоҳад ёфт ва ҳамаи ин 5 рӯз барои сокинони кишвар рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.

Ҳамчунин дар фармони Мирзиёев гуфта мешавад, ки «бо дарназардошти нақш ва аҳамияти идҳои муқаддаси Рамазон ва Қурбон дар амри ба зиндагии мардуми Узбекистон овардани амалҳои шарифе, чун шукргузорӣ, хайру саховат, якдилӣ, аз соли 2018 аз ҳисоби ба рӯзҳои ин ду ид наздик овардани рӯзҳои истироҳат, ба мардум се рӯзи таътил дода хоҳад шуд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *