Аз 6 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар робита ба бориши барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Инчунин аз 6 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Обуҳавошиносони мамлакат иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш, шабона боридани барфу борон ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 -7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш ва баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-6 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ