Аз 60 давлат дар Шаҳрисабз мақомхонӣ мекунанд
Дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон аз 6 то 10 сентябри соли равон Ҳамоиши байналмилалии мақомхонон доир мегардад.
Дар ин бора хабарнигор Марзия САИДЗОДА, ки рӯзҳои 1-4 август дар Ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ширкат дошт, хабар медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 апрели соли равон қарорро «Дар бораи Ҳамоиши байналмилалии мақомхонон» ба тасвиб расонид. Тибқи он, 6-10 сентябри соли 2018 дар Шаҳрисабз аввалин Ҳамоиши байналмилалии мақомхонон доир карда мешавад. Ҳамоиши мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
Имрӯзҳо дар Маркази ҳунарҳои миллӣ дар Шаҳрисабз таҳияи рӯйхати иштирокчиён, мақомхонҳои номӣ ва коршиносони соҳа аз саросари олам ва баррасии корҳои эҷодии пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати босалоҳияти доварон идома дорад.
Ҳангоми интихоби корҳои пешниҳодшуда билхоса ба иҷрои ҳирфавии мақом аз ҷониби мақомхонон ва навозандагон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ҳайати доварон ба асарҳои пешниҳодшудаи санъаткорон ва дастаҳои ҳунарии ИМА, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Исроил, Туркия, Белгия, Германия ва Беларус баҳогузорӣ хоҳанд намуд.
Гуфта мешавад, ки Ҳамоиши мазкур ба хотири таблиғу тарвиҷи густурдаи санъати мақомхонии мардуми Шарқ, эҳё, ҳифозат ва рушди он, тарбияи муҳаббату рағбат ба ҳунари асили мардумӣ дар ниҳоди ҷавонону наврасон ва ривоҷу равнақи дӯстию ҳамкориҳо миёни халқҳо ва кишварҳо гузаронида мешавад.
Марзия Саидзода, ки бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, директори Академияи мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ҳангоми сафар дар Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар як гуруҳ шомил буданд, Абдурашидов ба Ҳамоиши мақомхонон дар Шаҳрисабз даъват шудааст. Ба гуфтаи Абдувалӣ Абдурашидов, Ҳамоиши Шаҳрисабз аз Фестивали байналмилалии Шашмақом, ки ҳар сол дар Самарқанд доир мегардад, фарқ дорад ва барномаи он густурдатар ва фарогиртар аст ва санъати мақомхонии дигар халқҳои Шарқро низ дарбар мегирад. Агар дар фестивали гузаштаи Шашмақом дар Самарқанд намояндагони 25 давлат иштирок намуда бошанд, дар Ҳамоиши Шаҳрисабз ширкати санъаткорону дастаҳои ҳунарӣ аз беш аз 60 кишвари дунё дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ