Аз 60 доллар боло. Арзиши визаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои Туркия маълум шуд
Арзиши раводид, яъне виза барои сафар ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шуд.
Дар ин бора Сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Виза барои сафари яккарата 60 доллар ва барои сафари бисёркарата 190 доллар муайян шудааст.
То 20 апрели соли равон шаҳрвадони Тоҷикистон метавонанд бидуни виза ба Туркия сафар кунанд. Аммо барои сафарҳои баъди 20 апрел бояд аз сафорат ё дигар намояндагиҳои дипломатии Туркия раводид, яъне виза гиранд.
Гуфта мешавад, онҳое, ки аллакай дар Туркия қарор доранд, то 90 рӯз метавонанд бе мамоният онҷо бимонанд. Барояшон пур кардани ягон ҳуҷҷати иловагӣ лозим нест.
Бояд гуфт, ки фармон дар бораи бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имзо кардааст.
Қарори дахлдор 5-уми апрел тасдиқ шуд ва аз 6-уми апрел мавриди амал қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ