Аз Афғонистон ба Тоҷикистон ифротгароён роҳ нахоҳанд ёфт

 

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба гурӯҳҳои террористӣ имкон нахоҳад дод, ки аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон осеб расонанд.

Салоҳиддин Раббонӣ рӯзи 16 феврал пас аз мулоқоташ бо Сироҷиддин Аслов дар Душанбе гуфт, ки бо ҳамтои тоҷикаш роҷеъ ба нигарониҳои амниятии ҳар ду кишвар сӯҳбат намуданд ва ҷониби Тоҷикистонро мутмаин карданд, ки ба ҳеҷ сурат иҷозат нахоҳанд дод, ки гурӯҳҳои тахрибкор аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон осеб расонанд.

Сироҷиддин Аслов, вазирикорҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, ки баъд аз мулоқот ва машваратҳои дуҷонибаи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекарданд, ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амниятӣ дар минтақа, таъкид карданд. Сироҷиддин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ дар ин нишасти муштараки хабарӣ ба татбиқи тарҳҳои иқтисодӣ ва энежӣ дар минтақа таъкид намуда, онро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон зарур хонданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *