Аз афсона то ҳақиқат
Сил бемориест, ки ба табобати он бояд бовар кард
“Аз он ки ноҳияи Шаҳритус нисбат ба дигар навоҳии кишвар дар тобистон хеле гарм мешавад, мо дар хона обҳоро хунук мекардему баъд менӯшидем. Моҳи сентябри соли 2018 сулфаи пай дар пай азиятам медод. Баъди чанд рӯз шикамам варам кард. Писарам маро ба беморхонаи марказии ноҳия бурд. Баъди ташхис табибон муайян намуданд, ки бемории сил дораму бояд барои табобат ба шаҳри Душанбе равам. Дар аввал бовар накардам. Чун аз гуфтаҳои мардум медонистам, ки сил бемории ирсист. Аз он ки дар авлоди мо касе мубталои ин беморӣ нест, шубҳа кардам. Аммо баъдан фаҳмидам, ки ин сухан асосе надоштааст. Баъди шунидани ин сухан се рӯз дар хона чизе нахӯрда, мегиристам. Аз гуфтаву овозаҳо ин беморӣ ба назарам хеле даҳшатовар менамуд. Ба писарам гуфтам, ки сарсонии зиёдатӣ лозим нест, умрамро дидам, беҳуда харҷ накунед. Аммо писарам мани руҳафтодаву тамоман ноумедро ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимоя аз бемории сили шаҳри Душанбе оварда таъкид намуд, ки зиқ нашавам, ҳоло тиб пеш рафтааст, ҳама гуна бемориро табобат мекунанд. Бар замми ин, бемории сил табобаташ ройгон аст, ягон дирам харҷ намекунем. Дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимоя аз бемории сили шаҳри Душанбе ба ман гуфтанд, ки бояд ба Муассисаи давлатии маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат барои табобат равам. Баъдан ба ин ҷо омадем. Дафъаи аввал аз баданам 900 грамм об гирифтанд. Баъди 20 рӯзи табобат худамро тамоман сабук ҳис кардам. Ҳоло бошад, ба пуррагӣ шифо ёфтам. Барои он ки бемориам дубора хуруҷ накунад, дар чанд моҳ як маротиба бо тавсияи духтур аз ташхис мегузарам. Акнун бовар дорам, ки бемории сил табобатшаванда аст. Танҳо муроҷиати саривақтӣ мехоҳад. Нафарони гирифтор ба ин беморӣ бояд фикри зану фарзанд ва атрофиёни худро кунанд. Бемориашонро пинҳон накунанд. Чун ин ҳам ба зарари оила ва ҳам худи онҳост.”
Гуфтаҳои боло аз нақли Нигора Почоқуловаи 56-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки ҳама бофтаву овозаҳои мардумро доир ба бемории сил зери суол мебарад. Аз гуфтаҳои ин бону бармеояд, ки бемории сил ирсӣ набуда, дар сурати беэҳтиётӣ ҳар шахс метавонад, гирифтори он шавад.
Овозаву бофтаҳо дар бораи бемории сил
Сабаби асосие, ки беморони силро аз табобат мегурезонад ва онҳо бемориашонро аз дигарон паноҳ мекунанд, ин овозаву бофтаҳои худи мардум доир ба ин беморист. Дар ҷомеаи мо аксари нафарон сабабҳои аслии мубталошавӣ ба бемории силро нодида гирифта, бар ин ақидаанд, ки ин беморӣ ирсӣ буда, аз авлод ба авлод мегузарад ва табобатнашаванда аст. Ҳатто дар дилхоҳ деҳот ва кӯча агар аҳолӣ фаҳманд, ки дар оилае як гирифтори бемории сил аст, рафтуомадро ба он хона кам ё тамоман қатъ мекунанд. Ҳамагӣ бо андешаи он ки “Оилаи онҳо туберкулёзанд” аз онҳо ҳазар мекунанд. Ба андешаи Бахтиёр Икромов, табиби силшиноси Муассисаи давлатии маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина маҳз ҳамин муносибат боиси пайдо шудани ҳар гуна андешаҳо дар бемор мешаваду ӯ бемориашро паноҳ мекунад. “Худи муносибати мардум сабаб мешавад, ки беморон бо сабаби аз даст надодани наздикон ва ёру рафиқон бемориашонро ифшо намекунанд. Дар онҳо шармгинӣ пайдо мешавад. Ҳамин раванди бад сабаб мешаваду аз пушти як нафар тамоми оила мубталои бемории сил мегарданд,”-мегӯяд Бахтиёр Икромов. Ба андешаи ин мутахассиси силшинос аҳолиро мебояд, сатҳи огоҳии худро дар бораи бемории сил васеъ гардонанд ва аз ҳар гуна фикру хурофотҳо дар канор бошанд.
Сил – бемории сироятӣ ва табобатшаванда
Табибон дар аксар маврид бемории силро иҷтимоӣ меноманд ва мегӯянд ба ин касалӣ асосан нафароне гирифтор мешаванд, ки шароити муносиби зиндагӣ ва ғизои хуб надоранд. Ба андешаи табиби силшинос Бахтиёр Икромов бошад, дар шароити феълӣ кам оилае аст, ки аз лиҳози хӯрок танқисӣ кашад, танҳо риояи нодурусти реҷа ва истеъмоли нодурусти ғизо яке аз омилҳои гирифторшавӣ ба ин беморист: “Ҳар нафар бояд пеш бурдани дурусти тарзи ҳаёти солимро донад. Ба тамоми намуди ғизо мо дастрасӣ дорем. Аммо аксарият реҷаи истифодаи хурокро риоя намекунанд. Дигар, мо бояд қоидаҳои одитаринро дар хона риоя намоем. Масалан, бояд ҳар субҳ ҳавои хонаро дигар кунем, гарду чанги болои мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоту асбобҳои атрофро пок кунем, бо эҳсос кардани дард ба табиб муроҷиат кунем, интизори хуруҷ ва шиддати он нашавем,”-таъкид намуд Бахтиёр Икромов.
Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар тақвияти гуфтаҳои боло зикр намуд: “Саломатии ҳар шахс аввалиндараҷа дар дасти худаш аст. Ба замми он ки мо табобату корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни аҳолӣ мегузаронем, бояд ҳар шахс барои саломатии худаш мубориза барад. Маводҳои ташкилотҳои ғайридавлатиро ба манфиат истифода намоянд. Он ташкилотҳое, ки барои мубориза ба бемории мазкур фаъолият мекунанд, аз пеши худ кор намекунанд. Онҳо дар доираи нақшаву чорбиниҳо бо мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.”
Ҷамъу тарҳи соҳаи силшиносӣ
Дар замони соҳибистиқлолӣ барои кам кардани гирифторони бемории сил корҳои зиёд ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, аз соли 1996 аввалин маротиба барномаҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил қабул гардиданд. Ройгон ба роҳ мондани табобати бемории мазкур, бунёди беморхонаҳои алоҳида ва муҳайё намудани тамоми шароитҳо аз дастгириҳои дигари соҳаи силшиносист. Ахиран Ҳукумати кишвар барои ҳалли норасоии мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ карда, қарори тозаеро ба имзо расонид. Дар асоси ин қарор маоши табибони силшинос 100 дарсад боло рафта, онҳо бояд дар як ҳафта на бештар аз 35 соат кор кунанд. Ҳамчунин, агар табиб аз бемории сил фавтад, аъзои оилааш то ба балоғат расидани фарзандон зери парастории давлат қарор мегиранд ва то ба воя расидани кӯдакон, маошаш ба хонаводааш сад фоиз пардохт мегардад. Ба андешаи Фирӯз Шарипов, директори Муассисаи давлатии маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина шароит барои табобати бемориҳои сил ба маротиб беҳтар шудааст. “Дар солҳои қаблӣ барои ҳассоснокии бемории силро муайян кардан, кишти балғам дар муддати 72 рӯз омода мешуд. Имрӯз бошад, тамоми таҷҳизотҳои нави замонавӣ дар Муассисаи давлатии маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина мавҷуд аст. Дар марказ таҳлилгоҳи миллии референсӣ мавҷуд аст, ки кишти балғам дар муддати 25-30 рӯз омода мешавад. Ё ташхиси балғам, ки дар муддати 2-3 рӯз тайёр мешуд, ҳоло барои ин 20 дақиқа кифоя аст,” — гуфт Фирӯз Шарипов.
Нигоҳи нек ба ояндаи солим
Зикр намудан бамаврид аст, ки давлату Ҳукумати кишвар барои нигоҳдории саломатии шаҳрвандон чандин нақшаву барномаҳоро амалӣ намуда истодаанд. Гузашта аз ин, сафи табибони соҳибтахассус низ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки барои бартараф ва табобат намудани бемории мазкур тамоми чораҳо андешида шуда, шароитҳои лозима муҳайё гардидаанд. Дар қадами аввал моро мебояд, ки саломатии худро нигоҳ дошта, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем, то аз ин беморӣ дар офият бошем. Онҳое, ки аз рӯи бепарвоӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, мебояд, ки боварии комил ба табобаташ дошта бошанд. Имрӯзҳо тамоми тавсия ва роҳҳои табобат низ дастрас мебошанд, ки одитарини онҳо ин дар баробари доруҳои тавсияшуда аз ғизоҳои босифату калориядор ва аз сафеда бой истифода намоянд.
Чуноне ҳамагон мегӯянд, табиби ҳар кас, худи ӯст. Аз ҳамин нуқта ҳар нафаре, ки мубталои бемории сил мегардад, бояд иродаи қавӣ ва умед ба ояндаи неку солим дошта бошад. Давраи табобатро бо сабру таҳаммул, рӯҳия худ ва иродаи мустаҳкам ба анҷом расонад.
Хуршед МАВЛОНОВ, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ