Аз афзудани муҳлати президентӣ то лағви мухторияти Қароқалпоқистон

Ду банди лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки ба муҳокимаи умум гузошта шуд, баҳсбарангез шуд: якум, тамдиди муҳлати президентӣ, дуюм, барҳам додани мухторияти Қароқалпоқистон.

Аз 5 ба 7

Як банди лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба тамдиди муҳлати ваколати Президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол бахшида шудааст.

Шавкат Мирзиёев қаблан пешниҳод намуда буд, ки то 8-уми декабри соли 2022, санаи 30-солагии Конститутсияи мамлакат барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шавад.

Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, ки лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад. Рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, рӯзи ҷумъа дар баррасии аввал тасвиб шуд ва қарор шуд, ки барои муҳокимаи умум нашр шавад. Муҳокимаи умумӣ то 4-уми июли ҳамин сол идома хоҳад ёфт.

«Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаи «панҷ» ба калимаи «ҳафт» иваз карда шавад»,- омадааст дар матни лоиҳа.

Моддаи 90-уми Конститутсияи амалкунанда пешбинӣ мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби шаҳрвандони кишвар дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.

Қароқалпоқистон вилоят мешавад

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон миёни сокинони Қароқалпоқистон низ баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Ӯзбекистон Қароқалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Ӯзбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қароқалпоқистон ҳақ дорад аз ҳайати Ӯзбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, ки Қароқалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад.

Нашрияҳои Ӯзбекистон бо такя ба комиссияи ислоҳи Конститутсия менависанд, ки ин пешниҳод аз сӯи вакилони парлумони Қароқалпоқистон таҳия шудааст.

Қароқалпоқистон аз се як қисми Ӯзбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қароқалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистони Шӯравӣ берун шуда, мустақим ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Ӯзбекистони Шӯравӣ буд. Соли 1990 парлумони ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати Ӯзбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Ҳукумати Ӯзбекистон дар соли 1993 бо Қароқалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Ӯзбекистон кард. Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати «Алға, Қароқалпоқистон», ки ин масъаларо бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

Хотиррасон мешавем, ки Конститутсияи Ӯзбекистон 8-уми декабри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои олии кишвар қабул шуда, дар муддати сипаришуда ба он 15 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Бори охир муҳлати ваколатҳои президент дар ин кишвар соли 2011 аз 7 то 5 сол кам карда шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *