Аз амният то тиҷорат мавзӯи мулоқоти Расулзода бо Ҷалил Аббос Ҷелонӣ
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот кард.
Ин мулоқот 26 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, бахши энергетика, махсусан ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи КАСА 1000-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот масъалаи фаъолмандии кори комиссияи байниҳукуматӣ, масоили марбут ба амнияти минтақа ва вазъи Афғонистони ҳамсоя низ мавриди гуфтугӯ қарор дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ