Аз Арабистон ба Озарбойҷон. Эмомалӣ Раҳмон вориди Боку шуд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-умин Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим рӯзи 11 ноябр вориди Боку шуд.
Сарвари давлат дар ҷараёни ин сафар дар баррасии масоили байналмилалӣ, ки ба коҳиши паёмадҳои тағйири иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар ин замина нигаронида шудааст, ширкат хоҳад кард.
Ҳангоми расидан ба Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Тоҷикистонро намояндагони сохторҳои расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо изҳори истиқболи самимӣ пешвоз гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи конфронс ҳамчунин мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони давлатҳои дигар барои баррасии масъалаҳои авлавияти рушди устувор ва рӯзномаи экологиро ба нақша гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ