Аз ашки шодӣ то ҳақиқати зиндагии Гул Шералӣ

— Салом,ҷаноби вазир.

— Салом. Ман вазир нестам. Шумо киен?

— Ҳамдампур. Вазир ҳам набошед, барои мо вазир ҳастед.

-Раҳмат. Куҷо шудӣ, камнамоӣ?

-Ҳаминҷо. Мегӯянд фардо бароятон рӯзи саид аст.

— То фардо Худо подшоҳ. Ҳамин дам ғанимат.

Телефонро хомӯш кардам ва лаҳзае баъд рӯ ба рӯи ӯ қарор доштам. Чеҳра ҳамоно пурнур, нигоҳ пурвиқор,лабҳо сухансанҷ. Дафтари кор хоксорона ороста. Ҳамон чойнаки сарпӯшдор, ки ҳангоми вазирӣ бо ӯ аз он чой хӯрда будем.

-Чанд сол вазири саноат ва энергетика будед?

-Аз моҳи декабри соли 2006 то ноябри соли 2013.

-Аз кори кардаатон қаноатманд ҳастед?

-Дар ҳамон шароит, ҳамон шабу рӯз қаноатманд будам. Ҳоло мебуд, не. Зеро вазъият, талабот дигар аст. Ҳавоя дида ғӯза кашиданлозим.

— Кор кор аст, вақту шароит надорад.

— Дорад. Ҳоло имкони ҷалби инвесторҳо бештар аст.  Эътимод ҳам ба ҷумҳурӣ бештар шуд. Зори мутахассис будем. Ёдам ҳаст аз Ҳиндустон маблағгузорону мутахассисон овардем. Аз оби Хингоб, аз қисмати дуроҳаи  Ғарм ва Тавилдара дидан карданд. Дархост карданд, ки дар ҳамон қисмат зери кӯҳ НБО месозанд ва барқро ба воситаи гузаргоҳи Вахон ба Покистон ва аз он ҷо ба Ҳиндустон интиқол медиҳанд. Ҳиндустон рафтем, шартнома бастем. Аҷаб дунёе, беҳуда нагуфтаанд, ки заминро об вайрон мекунаду одамро одам. Буданд касоне, ки маълумоти нодуруст бурданд, вайронкорӣ карданд.

-Агар ҳоло вазирмебудед, чӣ кор мекардед?

-Дигар маро кӣ вазир мемонад (механдад)!Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ҳамеша муҳим буду муҳим мемонад. Об дороии мост. Ба қадраш бояд расем. Лоиҳаҳо зиёданд, оҳиста — оҳиста амалӣ мешаванд. Афсӯс, ки дар дунё аз ободкор дида вайронкор бисёр. Ба ҳар кор баҳудаю беҳуда бинӣ мехалонанд. Дарсохтмони “Сангтӯда — 2” ҳам ҳамин корро карданд. “Сохтмон нотамом мемонад!”, “- Фиреб мекунанд!”, “ Гулуф ин, Гулуф он”. Сохтанд — ку. Касе набошад, ҳамроҳаш кор кардан лозим. Ҳамроҳи мутахассисони эронӣ ба Харбини Чин барои фармоиши турбинаҳо рафтам. Баъди чанд муддат 70 фоизи таҷҳизотро овардем. Як вақт овоза паҳн карданд, ки гӯё ин маълумот дурӯғ аст, таҷҳизот ҳанӯз нарасидааст. Аммо вақте шахси масъул воқеиятро дид, дар қаҳр шуд, ки чаро хабари дурӯғ мебаранд. Офтобро бо доман пӯшонидан намешавад — ку!Мувофиқи нақша “Сангтӯда — 2” — ро бояд  дар 36 моҳ месупоридем. Аммо онро дар 18 моҳ сохта ба истифода додем. 

-“Сангтуда-1” ҳам мушкилотдошт?

— Ҷое, ки кор ҳаст, мушкилот ҳаст. Тарсидан лозим нест. Як бегоҳ Ҷаноби Олӣ даъват карда,гуфтанд, ки кори “Сангтӯда — 1” ба таъхир афтодааст, пагоҳ рав ҳамроҳи Чубайс(РАО «ЕЭС России») гап зан, ки корро тезонад. Воқеан, кор дар неругоҳ суст ҷараён дорад. Супориши  Ҷаноби Олӣ бароям қонун буд.Назди Сарвазир Оқил Оқилов даромадам, ки ба Чубайс занг занад. “Худат занг зан”, — гуфт. Занг задам, ёрдамчӣ бо Анатолий Борисович пайваст кард, хоҳиш кардам, ки пагоҳ маро қабул кунад. Пурсид, ки бо кадом масъала. “Сангтӯда — 1”, — гуфтам. “Соати 9 қабул мекунам”,- гуфт. Шабошаб ба Маскав парвоз кардам. Рӯзи дигар муфассал ҳамроҳаш суҳбат кардем. Вазъиятро фаҳмонидам: ҳаво сард, мардум аз бебарқӣ, торикӣ азоб мекашанд, гуфтам.

Кормандонашро фавран ҷамъ кард, танбеҳ дод. Дастур дод, ки 10 нафар аз масъулон фавран ба Тоҷикистон раванд,рафти сохтмонро зери назорат гиранд. Худаш ваъда кард, ки баъди як ҳафта ба Душанбе меояд. Ҳамон бегоҳ ба Душанбе омадам ва шабона ба Сарвазир ҳисобот додам. “Сангтӯда — 1” — ро фасли зимистон, пеш аз муҳлат ба истифода додем.

-Ояндаи Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?

-Энергетика. Лоиҳаи САSА-1000 ҳам дар давраи ман тарҳрезӣ шуда буд. Аз Афғонистону Покистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо вазиронро ҷамъ мекардаму атрофи САSА-1000 гуфтушунид мебурдем. Хишти аввалашро Президенти кишвар бо ҳамтоёни худ гузошт. Ҳоло подстансияашро дар Сангтӯда оғоз кардаанд. Тамоми агрегатҳои Роғун ба кор дароянду САSA-1000 амалӣ гардад, Тоҷикистон гул -гул мешкуфад.

Дар давраи вазири саноат ва энергетика будани Гул Шералӣ “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, хати барқи“Ҷануб-Шимол 500”, хати интиқоли барқи”Айнӣ 220”,хати барқи Сангтӯда-Афғонистон, хати барқи 220-киловолтаи Лолазор –Хатлон (Данғара, Кӯлоб), хати барқи Сангтӯда-Лолазор сохта ба истифода дода шуданд. Заминаи САSA — 1000 маҳз замони сарварии ӯ гузошта шуд.

-Шуморо мардум баъд аз истиқлолият шинохтанд. Қабл аз он чӣ кор мекардед?

-Қаблан ҳам мешинохтанд. Хуб ҳам мешинохтанд. 10 сол раиси ПМК 11 -и ноҳияи Данағара будам. Аз ин се солаш ба давраи баъди истиклолият рост меояд. Сипас,  8 сол раиси ноҳияи Данғара, 5 сол раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва 7 сол вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон будам.

— Гумон мекунам, замони истиқлолият сермаҳсултар будед.

-Фаъолияти кориам аз Фархор ибтидо гирифт, сипас дар Данғара ва Душанбе идома ёфт. Вазнинӣ ва лаззати корро ман дар ПМК11–и ноҳияи Данғара паси сар намудам. Азхудкунии даштҳои Данғара, Уртбузу Кокули Фархор маро дар кураи оташ обутоб доданд. Он ҷо истеҳсолот, кор бо халқ буд. Бо халқ будан хуб аст, зеро халқ одамро тарбиямекунад,  ба камол мерасонад. Ман аз устои одӣ то сардори ПМК 11расидам, ки зиёдааз ҳазор коргар, қариб 700 техника дошт.Агар ғалат накунам, дар як шабонарӯз 18 — 20 соат кор мекардам. Ҳамон давра мушкилоти дигаре низ ба сарам омада буд. Ҳамсарам бемор буд, фарзандон хурд буданд. Бегоҳ хона меодам, фарзандонро нигоҳ мекардам, ба онҳо хӯрок медодам, боз соати 10-11-и шаб баромада мерафтам,объектҳоро аз назар мегузаронидам,соати 2-3 и шаб ба хона бармегаштам.Ҳамон давра каналҳои бузурги Данғара бунёд гаштанд.

-Шумо чӣ ихтисос доред?

-Инженер-гидротехник. 

-Касби хуб аст?

-Албатта, касби хуб аст. Вақте ки заминро азхуд мекунӣ, роҳ месозӣ, хати барқу об мекашӣ, хонаҳои истиқоматӣ месозӣ ва аз дохили он шодии падару модарон ва хандаи кӯдаконро мешунавӣ, магар ин хушбахтӣ нест? ПМК — и мо совхози 1 ва 2 -и Данғараро сохт. Ҳоло, вақте ки ба Данғара меравам ва латокҳою каналҳои шикастаро мебинам, дилам реш мешавад.

-Агар чархи фалак дубора имкон медод, ки ихтисос гиред, чӣ ихтисосеро интихоб мекардед?

-Боз ихтисоси худам-гидротехникро. 

-Агар вазифа интихоб кун, мегуфтанд?

-ПМК мерафтам, бо халқ кор мекардам. Ҷавониро ёд кардам.

-Табиатан инсон дар қолаб намеғунҷад. Фикри худро дорад,  мехоҳад ҳама имконияти худро истифода барад. Чӣ имконот доштед, ки то имрӯз истифода накардед?

-Рости гапро гӯям?

Ман бо дурӯғ кор надорам, чун шумо“лаззат”- и онро чашидаам. Барои мисол,Александр Прохановро барои тарғиби “Роғун” оварда будам. Гап паҳн карданд, ки гӯё сафари ӯрокасе маблағгузорӣ кардааст. Ҳол он ки як тини сиёҳ ҳам маблағгузорӣ накардаанд. Кас намефаҳмад ин дурӯғҳо ба хотири чист?

Рости гап, ҳамин ки дил мехоҳад  дар неругоҳҳои баландкӯҳи пуриқтидор кор кунӣ, нақше аз худгузорӣ. Соли 2007 намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Роғун будам, маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронидам. Фатҳулло Буриевич раиси шаҳри Роғун буд. Назди халқ баромад кардам. Мардум пурсиданд, ки кай Роғунро месозем, зиндагӣ вазнин аст, ҷои кор нест. Дархости онҳоро ба Президенти кишвар расонидам. Гуфтанд, ки корро аз минтақаи зери селмонда оғоз мекунем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бубин, имрӯз аз “Роғун” ҳаваси мардуми дунё меояд.

— Инсон ду давраи нозук -кӯдакӣ ва пириро аз сар мегузаронад. Миёни ин ду чӣ фарқе мебинед?

-Кӯдакии ман бисёр вазнин гузаштааст. Дар пахтазор кор мекардам,ғӯзапоя чинда, дар пуштхона мебурдам,алафдаравӣ мекардам.

-Магар шумо бойбача набудед?

-Не, писари муаллим. Моро соли 1950 аз деҳаи Олучадараи Пушингкӯчонида, Фархор бурданд.  Сесола будам. Фархор туғайзор буд, дар хоку лой калон шудам. Дар колхоз кор,пахта чобук мекардам. Ҳамаи кори вазнини саҳроро аз сар гузаронидаем.

-Оилаатон калон буд?

-Панҷ писар. Ҳоло ҳамаашон дар қайди ҳаётанд. Соли таваллуди акаи калониам 1941.

-Ҳамаашон дар вазифаҳои баланд будагистанд?

-Не. Акаи калониам Институти политехникиро хатм карда, мувофиқи ихтисосаш корманди БДА шуд. Ҳоло нафақахӯр.

-Бародарони дигар чӣ?

-Иқтисодчӣ. Универсетити миллиро тамом карданд. Дар колхоз аз иқтисодчӣ то ба раиси ҷамоат расиданд.

-Агар падаратон муаллим бошанд, дар кӯдакӣ азоб накашидаед.

-Чӣ хел азоб намекашидем? Мактаб аз деҳа 3 км дур буд. Пиёда мерафтем. Падарам моро пеш-пеш карда, ба мактаб мебурд. Модарам  хонашин,  дарздӯзӣ мекарданд.Зиндагӣ вазнин буд.

-Чӣ хотироте аз давраи ҷавонӣ сахт дар  ёдатон боқӣ мондааст?

-Хонаи мо дар колхози ба номи Ленини Фархор буд, падар дар беморхонаи деҳаиАрчаи колхози Коммунизм хоб буд. Ҳар рӯз барояш пиёда 8 км роҳро тай карда, хӯрок мебурдам. Дар синни 16 — солагӣ аз падар маҳрум мондам. Баъди хатми мактаб модарам нагузошт, ки Душанбе хондан биёям. “- Агар ту хондан равӣ,додарот аз гуруснагӣ азоб мекашанд”- гуфт. Аввал хондан нарафтам, баъди синфи 10 дар мактаб котиби директор шудам. Дар колхоз ҳам кор мекардам, ҷӯйбор тоза мекардам, бехи дарахт нарм мекардам. Шабҳои тобистон дар дашти Уртабуз комбайнҳо ҷаву гандум дарав мекарданд, бо хар рафта гандуму коҳ  мекашидам. Азоби сахт кашидам. Хӯрокам саҳар гардоба буд. Аз директор сарзаниш, аз бригадир дашном мешунидам.

-Агар маълумот нагирифта бошед, чӣ гуна раису вазир шудед?

-Акаам баъди хатми донишгоҳ ба деҳа баргашт. Дар оила ҳама писар будем. Ман ба модарам дастёрӣ мекардам. Ҳам дар кор, ҳам дар пухтупаз. Ордоб, ширбиринҷ мепухтам. Дар “Пионери Тоҷикистон” ва “Гулистон”-и Фархор мақола менавиштам, ҳаққи қалам мегирифтам. Аз модарамхоҳиш кардам, ки дуо диҳад, хондан равам. “-Куҷо меравӣ?” -пурсид. Гуфтам, ки Селхозинститут.

Гуфт:

— Раис мешай?

— Не, як факултети дигар ҳаст, ки баъди хатм заминҳоро соз, обод мекунам. Иҷозат дод. Ба Институти хоҷагии халқ дохил шудам. Бо ихтисоси гидротехник донишгоҳро хатм кардам. Он вақт Институти хоҷагии қишлоқ дохил шудан осон набуд. Бо роҳхат ба хоҷагии оби ноҳияи Фархор равон карданд.  Ҳасан Ҳалимов ном лақай роҳбари хоҷагии об буд. Омадам, ба кор қабул накард. Ба кор даромадан вазнин буд. Очам зиқ шуд.Як рӯз очаам гуфт, ки “пеши акаи Ҷурахонат намерай?”. Ҷурахон Неъматов ҳамкурси акаам буд, давраи донишҷӯӣ кам — кам хонаамон меомад. Исполкоми ноҳия буд. Наздаш рафтам, қабул кард. Ба зарба гап мезад. “-Чӣ мегай?”-пурсид. “-Ака, очам роӣ кард, гуфт, ки акаи Ҷурахонта бигу ёрдамут куна, колхозда ба кор қабул кунанд”- гуфтам. Шинохт,  пурсид, ки ба хоҷагии об рафтӣ? Гуфтам, ки бале, аммо ба кор қабул накарданд. Ба директори хоҷагӣ Ҳасан Ҳалимов, ки як паканаи назарногир буд,  занг зад, наздаш даъват кард. Омад. Аз ӯ пурсид, ки барои чӣ ин бачаро ба кор қабул намекунӣ? Гуфт, ки ҷой нест. Аз ман пурсид, ки роҳхат дорӣ? Роҳхатро нишон додам. Маҷбур кард, ки маро ба кор гирад. Корро азкоргари одӣсар кардам. Қад-қади каналчӯб меқапидаму ба дигарон ёрдам мерасонидам. Корро ёд гирифтам. Баъди ду моҳ  инженери соҳилмустаҳкамкунӣ монданд, 127 сӯм маош мегирифтам. Ҳар рӯз аз хона 7 км роҳро пиёда тай карда, ба кор мерафтам. Пиёда меомадам. Шаб мерасидем, боз субҳи барвақт мерафтам. Раҳми модарам меомад. Баъдтар сардори шуъба шудам. Соли 1974 маро сардори шуъбаи идораи хоҷагии обёрии Фархору Чубек таъйин карданд.

Дар зиндаги лаҳзаҳои фаромӯношуда буданд?

— Бале. Як чиз ҳеҷ аз ёдам намеравад. Соли нав буд. Совхоз бояд плани обёриро дар Вазорти мелиоратсия тасдиқ мекард. Сардори шуъба гуфт, ки барояш дар ин кор кумак расонам.  Ӯ  аз ман ду сол пеш институтро тамом карда буд. Шиштем, плани таъмир, обёрӣ, истифодаро омода сохтем. Сардори шуъба ба Душанбе омад, аммо планро ҳимоя карда натавонист. Дасти холӣ баргашт. Директори совхоз маро наздаш даъват кард ва дастур дод, ки планро вазорат бараму ҳимоя кунам. Майлаш, гуфтам. Халтаҳои латтагӣ буд, як нусхагӣ планро дар дохилаш андохтаму аз очаам дуо гирифта, ба мошини боркаш савор шуда,  Душанбе омадам.  Ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ворид шуда, идораи эксплотатсияро ёфтам. Ду зан нишаста буданд, салом дода, бо иҷозаташон наздашон нишастам. Яке қирғиз Баязитова, дигараш рус Смирнова  ном доштанд. “-Аз куҷоӣ, чӣ мехоҳӣ?»,-пурсид қирғиззан. Гуфтам, ки аз Фархорам, барои ҳимояи нақшаи совхоз омадам ва нақшаро пешниҳод кардам. Хонданд, гуфтанд, ки сардори шуъба омада буд, қабул накардем, бозчаротуро равон кард? Ба нишони намедонам бозувонамро ба ҳам кашидам. Пурсид,  ки метавонӣ ҳимоя кунӣ? Бо кумаки шумо гуфтам. Ҳар ду хандиданд. Баъд қирғиз тарафи рус гуфт, ки “- Биё, ёрдам мекунем, бачаи ояндадор менамояд”. Смирноваимзо гузошт ва куҷое бурда тасдиқ намуд. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидам. Болои мошини боркаше нишаста, ба ноҳия баргаштам. Субҳ расидам. Назди роҳбари хоҷагии об даромада, ҳуҷҷатҳоро додам. Ӯ ҳам хурсанд шуд ва гуфт, ки аз ҳамин рӯз ту сардори шуъба, рав ба Мухтор гӯй, ки ҷойро холӣ кунад. Ман ҳайрон, дар ҷоям шах шудам. Вай тундӣ кард ва гуфт, ки рав, супоришамро иҷро кун. Сухани роҳбарро ба сардори шуъба Мухтор расонидам. Вай чизе нагуфту аз ҷояш хест, оби чашмонаш равон шуд. Аз ҳамон рӯз ман сардори шуъба шудам.

-Шумо миёни мансабдорон ягона шахсе ҳастед, ки ҳангоми боздошти писаратон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтед, ки агар фарзанди ман гуноҳ карда бошад, дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чаро чунин гуфтед?

— Дуруст, ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Писарам гирист, барояш гуфтам, ки гуноҳ кардӣ, ҷавоб медиҳӣ.  Ба назди касе ҳам нарафтам. Медонистам, ки касе дасти маро намегирад. Аслан, милисае, ки ҳамроҳи писари ман ҷанҷол дошт, низ ҷазо мегирифт. Писарамро  як сол ба ҳабс гирифтанд, сипас  озод шуд.   Дар ин муддат на телефон кардам, на хабаргирӣ рафтам.

-Шумо дар чеҳра бисёр одами боғурур менамоед, боре шудааст, ки касе ашки чашмонатонро дида бошад?

-Ҳозир аз саволе, ки дар бораи бачаам додед, ашк  дар чашмонам ҳалқа зад. Баъди беморӣ нозук шудаам. Тез меранҷам ё зуд гиряам меояд.

— Ашку шодӣ ҳамеша паҳлуи ҳаманд. Хуштарин рӯзатон кадом буд?

— Вақте ки ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ дохил шудам. Боз рӯзе, ки писари якумам Фаррухҷон ба дунё омад. Он рӯз ман хушбахттарин одами дунё будам.

Мусоҳиб

Шариф Ҳамдампур

P/S. Гул Шералӣ депутати Маҷлиси намояндагон солҳои 1995-2000, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000 — 2002 буд. Хизматҳои ӯ бо ордени “Шараф”, дараҷаи 2, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи 2 қадрдонӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *