Аз баҳои Президент то созмонҳои молиявӣ. Иқтисоди Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?

Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Инчунин, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардидааст.

Ин нуктаро имрӯз, 10 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд баён дошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.

“Мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар мебошад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Дар ҷаласа Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишахбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Президенти кишвар, Раиси Шурои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *