Аз Бадахшон то Хатлону Суғд. Киҳо мақоми нав гирифтанд?
Имрӯз, 17 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозаъини роҳбарикунанда дар мақомоти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд суҳбат намуданд.
“Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъингардида ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра, дастуру супоришҳои муфид доданд”- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Ҳамин тариқ, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шуданд. Раисони навтаъин инҳоянд: шаҳри Кӯлоб –Бахтиёр Назарзода, Левакант –Бунафша Файзиддинзода, Дӯстӣ – Даврон Нишонзода, Носири Хусрав – Маҳмадаюб Шарифзода, Восеъ — Ҷамшед Шарифзода Мастчоҳ – Наврӯз Ализода, Темурмалик — Шералӣ Ҳасанзода, Балҷувон — Бахтиёр Сафарзода, Роштқалъа — Аъзам Шомирзозода, Ванҷ- Одинашо Мардзода, Фархор -Зариф Вализода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ